Баргузории нишасти матбуотӣ дар донишкада

Санаи 10-уми феврали  соли 2025 тибқи иҷрои  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-сентябри соли 2011, № АП-1729 ва  ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.01.2025,  Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  бо иштироки васеи хабарнигорону рўзноманигорони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд ва намояндаи Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Суҳроб Рустамзода нишасти матбуотӣ  баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ рўзноманигорону хабарнигорон аз нашрияҳои «Ҳақиқати Суғд»  Файзуллохон Обидов, «Суғд Ҳақиқатӣ» Фарангиз Баҳодурзода, “Омӯзгор” Нуъмон Раҷабзода, “Тирози ҷаҳон” Мавзуна Ваҳҳобова,  “Садои мардум” Мирзоаъзам Мақсудов, “Паёми Бӯстон” Лола Юсупова, ТВ “7 ситора” Шамсиддинов Наврӯз, ТВ СМ 1 Насимҷон Раҳимов,  радиои “Замон” Абдулҳамид Ҷӯраев, Оҷонсии иттилоотии “Спутник” Қамари Аҳрор, радиои “Озодӣ” Фарзони Муҳаммадӣ   ширкат варзиданд.

Дар нишасти матбуотӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои донишкада ширкат варзиданд.
         Нишасти матбуотиро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи фаъолияти яксолаи донишкада иттилоъ дод. Мавсуф таъкид намуд, ки донишкада  ягона муассисаи соҳавӣ дар самти саноати геология, металлургияву энергетика ва иқтисодиёти саноатӣ буда, дар он донишҷӯён аз рӯи 29 ихтисос таҳсил менамоянд. Мусаллам аст, ки самти фаъолияти донишкада ба соҳаи саноат сахт вобастагӣ дорад ва омода намудани мутахассисон дар ин самт хеле мушкил мебошаду аз омӯзгорон заҳмати дучанд талаб менамояд. Ҳамин аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омӯзгорони варзида ва таҷрибадор дар соҳаи геологияву металлургия ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Анқариб 70 фисади омӯзгорони донишкада собиқаи корӣ дар истеҳсолот доранд ва ин ба раванди таълим мусоидат менамояд.
         Дар давоми соли 2024 дар донишкада ҳамагӣ 129 маротиба дарсҳои кушод ташкил карда шуд, ки барои такмили таҷрибаи педагогии устодон мусоидати фаъол намуд.
Иштирок ба дарси ҳамдигарӣ низ як рукни иљроиши уҳдадории хизматии омўзгор дар самти беҳсозии сифати машѓулиятҳо ба шумор меравад. Тибќи љадвале, ки дар оѓози соли таҳсил тасдиќ карда шуд дар ҳар кафедра иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд. Дар давоми соли 2024 дар маљмўъ 492 маротиба иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд, ки ҳар як машғулияти таълимӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Ҳамчунин ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ илова намуд, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаҳои саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, ки бо онҳо шартномаҳои ҳамкорӣ оиди таҷрибаомӯзӣ баста шудааст, гузаронида мешаванд.
         Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо донишкада бо зиёда аз 75 корхонаҳои соҳаи саноат шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла бо корхонаву муассисаҳои ҶМТКММ “Апрелевка”, ҶДММ “Ширкати куҳӣ–саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶМДММ “Петролеум Суғд”, КФ “Суғднафтугаз”, ҶСК “Ангишт”, ҶДММ “Заринк”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҶДММ “Элегант”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Коргоҳи таъмири қатораҳо, КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум”, КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ҶС “МНА – 33” ва ғайраҳо. Дар соли ҷорӣ бо корхонаҳои ҶММТАКМ “Анзоб”, КФ ЗЗК “Зари Суғд”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ” шартномаҳои нави ҳамкорӣ баста шуданд.
Роҳбари донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба дастовардҳо дар соҳаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ сухан ронда, қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 1 нафар омӯзгорон рисолаи докторӣ ва 3 нафар номзадиро дар самти иқтисодиёт ва техникӣ ҳимоя намуданд. Дар соли 2024 омӯзгорони донишкада 3 патент гирифтанд:

         Тибқи нақша ва ҷадвали баргузории конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз тарафи ректори донишкада тасдиқ гардидааст, бахшида ба солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва ғайра якчанд чорабиниҳои илмӣ аз ҷумла 6 конференсия аз ҷумла 2 конференсияи байналмилалӣ ва 40 семинару вебинар гузаронида шуд.
Дар назди кафедраҳо 18 маҳфилҳои илмӣ-амалии донишҷӯёни доимоамалкунанда фаъолият менамоянд: «Суханвар», «Энергетикони ҷавон», «Эколог-муҳандис», «Иқтисодчии муосир», «Навовар», «Кӯҳкани ҷавон», “Дустдорони автомобил” “Металлургия аз нигоҳи ҷавонон”, “ Ганҷи хирад”, “ Ал-ҷабр”, “ Химикони ҷавон”, “ Илм ва ҳаёт”, “Муҳосибони муосир”, “Эҷодкорони техникӣ”, «Нафтчӣ», “Ганҷшинос”, “Маркшейдерони ҷавон” ва “Муҳосибони муосир”, ки ба онҳо донишҷӯёни болаёқат ҷалб карда шуаанд ва онҳоро ба корҳои пажӯҳишӣ ҷалб мекунанд. Моҳе як маротиба семинар-ҷаласаи ин маҳфилҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи нақшаи чорабиниҳои он аз тарафи ректори донишкада (барои соли хониш тартиб дода мешавад), баргузор мегардад. Дар ин маҳфилҳо донишҷӯён баромад намуда аз натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ дар доираи маҳфил ҳисоботҳо ва гузоришҳо медиҳанд. Умуман дар донишкада 170 маҳфил дар давоми соли тақвимӣ гузаронида шуд.
         Ногуфта намонад, ки донишкада бо 61 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба фаъолияти сохтори тарбия суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки тарбия яке аз рукнҳои муҳим мебошад ва барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст назадан ба амалҳои ғайриқонунӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби масъулини сохтори тарбия тарбия ва кор бо ҷавонон 111 мулоқот бо донишҷӯён ва 108 чорабинӣ баҳри корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳузури меҳмонон ва масъулон дар факултетҳои муассиса гузаронида шуд.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ 3 синфхонаи компютерӣ барои ихтисоси зеҳни сунъӣ таъсис дода шуд.
         Дар қисмати охири нишаст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба 17 саволи намояндагони васоити ахбори омма доир ба ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Россия, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, хатмкунандагони донишкада, пешгирии ҷинояткорӣ, ифтитоҳи факултети муштарак бо донишгоҳҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Чин, оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, оид ба Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ, дастгирии олимони ҷавон, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, ҷалби духтарон ба ихтисосҳои муҳандисӣ, дастгирии ятимони кулл, оид ба муаммоҳои мавҷуда, нақшаҳои оянда ва сафарбарнамоии донишҷӯён ба сафи ҚМҶТ  посух дода, ба рӯзноманигорон ҷиҳати ширкати фаъол изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Ба суолҳо ҳамчунин муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ва сардори раёсати таълим Осими Оқил низ посухҳои хешро илова намуданд.