Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони васоити ахбори омма, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои донишкада ширкат варзиданд.
Нишасти матбуотиро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи фаъолияти яксолаи донишкада иттилоъ дод. Мавсуф таъкид намуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар самти саноати геология, металлургияву энергетика ва иқтисодиёти саноатӣ буда, дар он донишҷӯён аз рӯи 29 ихтисос таҳсил менамоянд. Мусаллам аст, ки самти фаъолияти донишкада ба соҳаи саноат сахт вобастагӣ дорад ва омода намудани мутахассисон дар ин самт хеле мушкил мебошаду аз омӯзгорон заҳмати дучанд талаб менамояд. Ҳамин аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омӯзгорони варзида ва таҷрибадор дар соҳаи геологияву металлургия ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Анқариб 65 фисади омӯзгорони донишкада собиқаи корӣ дар истеҳсолот доранд ва ин ба раванди таълим мусоидат менамояд.
Дар давоми соли 2023 дар донишкада ҳамагӣ 80 маротиба дарсҳои кушод ташкил карда шуд, ки барои такмили таҷрибаи педагогии устодон мусоидати фаъол намуд.
Иштирок ба дарси ҳамдигарӣ низ як рукни иљроиши уҳдадории хизматии омўзгор дар самти беҳсозии сифати машѓулиятҳо ба шумор меравад. Тибќи љадвале, ки дар оѓози соли таҳсил тасдиќ карда шуд дар ҳар кафедра иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд. Дар давоми соли 2023 дар маљмўъ 345 маротиба иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд, ки ҳар як машғулияти таълимӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Ҳамчунин ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ илова намуд, ки Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаҳои саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, ки бо онҳо шартномаҳои ҳамкорӣ оиди таҷрибаомӯзӣ баста шудааст, гузаронида мешаванд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо донишкада бо зиёда аз 65 корхонаҳои соҳаи саноат шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла бо корхонаву муассисаҳои ҶМТКММ “Апрелевка”, ҶДММ “Ширкати куҳӣ–саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶМДММ “Петролеум Суғд”, КФ “Суғднафтугаз”, ҶСК “Ангишт”, ҶДММ “Заринк”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҶДММ “Элегант”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Коргоҳи таъмири қатораҳо, КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум”, КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ҶС “МНА – 33” ва ғайраҳо. Дар соли ҷорӣ бо корхонаҳои ҶММТАКМ “Анзоб”, КФ ЗЗК “Зари Суғд”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ” шартномаҳои нави ҳамкорӣ баста шуданд.
Роҳбари донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба дастовардҳо дар соҳаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ сухан ронда, қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 2 нафар омӯзгорон рисолаи докторӣ ва 3 нафар номзадиро дар самти иқтисодиёт ва техникӣ ҳимоя намуданд. Дар соли 2023 омӯзгорони донишкада 5 патент гирифтанд:
Тибқи нақша ва ҷадвали баргузории конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои соли 20233, ки аз тарафи ректори донишкада тасдиқ гардидааст, бахшида ба солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва ғайра якчанд чорабиниҳои илмӣ аз ҷумла 11 конференсия аз ҷумла 4 конференсияи байналмилалӣ ва 80 семинари илмӣ гузаронида шуд.
Дар назди кафедраҳо 18 маҳфилҳои илмӣ-амалии донишҷӯёни доимоамалкунанда фаъолият менамоянд: «Суханвар», «Энергетикони ҷавон», «Эколог-муҳандис», «Иқтисодчии муосир», «Навовар», «Кӯҳкани ҷавон», “Дустдорони автомобил” “Металлургия аз нигоҳи ҷавонон”, “ Ганҷи хирад”, “ Ал-ҷабр”, “ Химикони ҷавон”, “ Илм ва ҳаёт”, “Муҳосибони муосир”, “Эҷодкорони техникӣ”, «Нафтчӣ», “Ганҷшинос”, “Маркшейдерони ҷавон” ва “Муҳосибони муосир”, ки ба онҳо донишҷӯёни болаёқат ҷалб карда шуаанд ва онҳоро ба корҳои пажӯҳишӣ ҷалб мекунанд. Моҳе як маротиба семинар-ҷаласаи ин маҳфилҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи нақшаи чорабиниҳои он аз тарафи ректори донишкада (барои соли хониш тартиб дода мешавад), баргузор мегардад. Дар ин маҳфилҳо донишҷӯён баромад намуда аз натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ дар доираи маҳфил ҳисоботҳо ва гузоришҳо медиҳанд. Умуман дар донишкада 180 маҳфил дар давоми соли тақвимӣ гузаронида шуд.
Ногуфта намонад, ки донишкада бо 47 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба фаъолияти сохтори тарбия суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки тарбия яке аз рукнҳои муҳим мебошад ва барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст назадан ба амалҳои ғайриқонунӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби масъулини сохтори тарбия тарбия ва кор бо ҷавонон 124 мулоқот бо донишҷӯён ва 116 чорабинӣ баҳри корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳузури меҳмонон ва масъулон дар факултетҳои муассиса гузаронида шуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамзамон илова намуд, ки тибқи Созишномаи байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи касбӣ-техникӣ, захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоу ба донишкада барои пешбурди барномаи 2+2 барои ихтисоси технология ва саноати заргарӣ таҷҳизоти 3 озмоишгоҳи замонавӣ фиристонида шуд, ки ин барои такмили ихтисоси омӯзгорони соҳавии донишкада, таъмин бо лабораторияҳои инноватсионӣ ва мубодилаи донишҷӯён шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Донишкадаи Конфутсий фаъолият менамояд, ки дар қаламрави вилояти Суғд танҳо Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ ҳуқуқ дорад имтиҳоноти байналмилалии “HSK”-ро дар 6 дараҷа ва имтиҳони шифоҳӣ “HSKK”-ро дар 3 дараҷа ташкил ва баргузор кунад, ки ин имтиҳон ба донишҷӯён барои таҳсили ройгон дар Ҷумҳурии мардумии Чин ва ба даст овардани идрорпулӣ мусоидат менамояд.
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани соли тақвимӣ ба роҳбарияти сохтори таълим, тарбия, илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Насриддинов Замониддин, профессор Аминҷонова Мавлудахон, профессор Умарҷонов Абдусафо изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба кори онон баҳои баланд дод.
Дар қисмати охири нишаст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба 18 саволи намояндагони васоити ахбори омма посух дода, ба рӯзноманигорон ҷиҳати ширкати фаъол изҳори миннатдорӣ баён намуд.