Имрӯз дар маҷлисгоҳи асосии донишкада мулоқоти роҳбарони муасиссаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, дар бораи имкониятҳо, ихтисосҳои мавҷуда дар донишкада, хобгоҳҳо, ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ, равобити байналмилалӣ ва таъмин намудани хатмкунандагони донишкада бо ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои саноатӣ сухан ронда, аз хатмкунандагони макотиби миёна даъват ба амал овард, ки ихтисосҳои донишкадаро интихобот намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад ва тамоми хатмкунандагони ин муассиса бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.
Интихоби дуруст ин интихоби ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад!