Дирӯз дар саҳни ҳавлии хобгоҳи донишкада бо донишҷӯёни муқими хобгоҳ аз ҷониби сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём ва дигар масъулони соҳаи тарбия мулоқот гузаронида шуд. Нахуст сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём суханронӣ карда донишҷӯёнро бо қоидаҳои буду бош дар хобгоҳ шинос намуда, таъки кард, ки ҳар як нафар бояд қоидаи умумиро риоя намояд, тозаву озода зиндагӣ намояд ва бетартибиҳо роҳ надиҳад.
Ҳамзамон, дар мулоқоти мазкур роҷеъ ба истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, истифодаи дуруст аз шабкаҳои иҷтимоӣ ва роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ нуктаҳои муҳим таъкид карда шуд.
Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ, террористӣ-экстремистӣ низ махсус таъкид карда шуд. Гуфта шуд, ки имрӯз авзои кунуни ҷаҳон нигаронкунанда боқӣ мемонад ва ҷавонон бояд ҳушёру зирак ва боэҳтиёт бошанд.