Мизи мудавварро намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Хуршед Саидов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҳалли муаммоҳои мавҷудаи соҳаи экология, ҳамкорӣ бо Донишкада, саҳми устодони кафедраи экология дар ҳалли масоили ҳифзи муҳити зист, иҷрои барномаҳои давлатӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва фаъолияти ЭКО-клуби донишкада суханронӣ кард.
Сипас, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин роҷеъ ба ҳифзи муҳити зист, ҳифзи ЭКО-клуб, саҳми олимон дар ҳалли масоили экологӣ, пешгирии заҳролудӣ, пок нигоҳ доштани муҳит сухан ронда, изҳори омодагӣ намуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омода аст, ҳамеша бо ниҳодҳои таваҷҷуҳманд баҳри ҳалли масоили экологӣ ҳамкорӣ намояд.
Сипас, ба тариқи онлайн директори корхонаи воҳиди давлатии “Табиат” суханронӣ намуд. Ҳамзамон, дар чорабинии имрӯза роҳбари Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд Яъқубов Мирзобаҳром, координатори “Нозирони сабз” Усмонов Далер ва омӯзгори донишкада Назарова Маҳинахон оид ба фаъолияти ЭКО-клуб дар соли 2024 ва нақшаи кории он дар соли 2025 суханронӣ карданд.
Баъдан, суолу ҷавоб сурат гирифт ва натиҷаи нишаст мавриди баҳсу баррасӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси ЭКО-клуби кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва шарикони рушд баргузор карда шуд.