Имрӯз, дар толори видеоконфронсзали муассиса бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ профессор Олимов Абдумалик, профессор Розиқов Зафар сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза ва дигар мудирони кафедраҳову омӯзгорон ширкат намуданд. Аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бошад, ходимони ҳамин иснтитут Муродов Давлат, Файзуллоев Шоҳнавоз ва дигарон ширкат намуданд.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, таъкид сохт, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар панҷсолаи рушди саноат эълон карда шуд ва барои татбиқи илм ба истеҳсолот олимон бояд пайваста талош намоянд. Ҳоло, донишкадаи мо, дар ин самт ҳамкориро бо корхонаҳои саноатӣ ба роҳ мондааст ва дар назар аст, ки ин амал натиҷаи хуб ба бор орад.
Сипас, ходимони илми иститути мазкури АМИТ бо маърӯзаҳои хеш ба забонҳои русиву англисӣ баромад намуданд. Аз ҷониби донишкада, Ҳамзамон омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Восихов Шоҳрӯх дар мавзӯи “Системаи геинформатсионии Micromine дар корҳои кӯҳию геологӣ ” баромад намуда, роҷеъ ба масъалаи мазкур ва муаммои корҳои кӯҳӣ сухан ронд.
Сипас, байни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки мизи муддавари мазкур бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи донишкада ва кафедраи геология ва корҳои нафту газ роҳандозӣ гардидааст.
Шуъбаи иттилоот