Баргузории маҳфили эҷодкорони техникӣ бо номи “Механика дар ҳар ҷо”

Дар раванди тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар донишкада аз тарафи донишҷӯён на танҳо аз худ намудани як қатор донишҳои муайян зарур аст, балки ба онҳо омӯзонидани малакаҳои  корҳои мустақилона бо адабиётҳои таълимӣ ва техникӣ, бо дастгоҳҳо ва асбобҳо низ манфиат дорад. Инчунин дар онҳо тарбия намудани кӯшиши мунтазам пурра гардонидани дониши худ ва омӯзонидан ба фаъолияти эҷодкорона низ муҳим мебошад. Ин аз омӯзгорон мукаммал гардонидани шакли кор ва инчунин ҷустуҷӯи усулҳои нави ба талаботи замона ҷавобгӯро талаб менамояд. Аксар донишҷӯён ба эҷодкорӣ, гузаронидани татқиқотҳо ва ба тарҳрезӣ  майлу рағбат доранд. Лозим аст, ки барои ин танҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шавад.

          Яке аз шаклҳои кори берун аз дарсӣ, ки чунин шароитҳоро фароҳам меоварад, кори хуб ба роҳ мондашудаи донишҷӯён дар маҳфилҳои илмӣ-амалӣ мебошад, ки дар онҳо имкониятҳои васеи тарбияи муҳаббат ба илму техника ва меҳнат кушода гардида, вақти холии донишҷӯён бо фаъолияти фоиданок ва диққатҷалбкунанда пур мегардад.

 Чанд сол қабл ҷустуҷӯи ташкили кори берун аз дарсии пурмаҳсули донишҷӯён моро ба фикри ташкил намудани маҳфили муттаҳидаи эҷодкорони техникӣ дар назди кафедраи фанҳои умумитехникӣ оварда буд, ки дар он ҳамасола донишҷӯёни зиёди бахшишҳои гуногун иштирок менамоянд.

Санаи 27.09.23 дар кафедраи фанҳои умумитехникии ДКМТ ҷамъомади  аввалини маҳфили эҷодкорони техникӣ бо номи “Механика дар ҳар ҷо”  дар соли хониши нави 2023/24 баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи бахши 3, гурӯҳи  700201- 06  Содиров Беҳрӯз дар мавзӯи “Қоидаи тиллоии механика”  ва татбиқи он дар техника” баромад намуд. Баромадро,  ки слайдҳо бо элементҳои мултимодалӣ ҳамроҳӣ менамуд, аъзоёни маҳфил хуш пазируфтанд.  Ба саволҳои гузошташуда Содиров Б. ҷавобҳои мукаммал дода тавонист.

Дар охир ҷамъомадро роҳбари илмии маҳфил Маҳмудова С.С. ҷамъбаст намуда ба кори иҷро намудаи Содиров Беҳрӯз баҳои хуб гузошт. Ҳамчунин барои маҳфили оянда вазифагузорӣ карда шуд.