Дирӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва дар доираи моҳвораи ҷавонон дар назди хобгоҳи донишкада маҳфили шеъру суруд бо ширкати донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид.
Маҳфилро сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Насриддинов Шаҳбоз ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба баргузории маҳфили мазкур ибрози андеша намуд. Мавсуф илова намуд, ки маҳз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон имрӯз хеле шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва барои таълиму тарбия тамоми имкониятҳо мавҷуд аст.
Сипас, муовини декани факултети металлургия оид ба тарбия Расулова Мунзифахон суханронӣ намуда, ҳозиринро муаррифӣ кард.
Баъдан барномаи маҳфилро муаррифӣ намуданд, ки дар он донишҷӯёну омӯзгорони фаъол шеъру таронахонӣ намуданд. Дар интиҳо ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.