Баргузории маҳфили “Маркшейдерони ҷавон” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15-уми  ноябри соли 2024 дар асоси нақшаи кории маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Маркшейдерони ҷавон” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшедерӣ ва аъзоёни он ҷаласаи навбатии маҳфил баргузор гардид.

Дар оғози маҳфил мудири кафедра н.и.п., и.в. дотсент Юусупов Саид-Акрамхоҷа Мӯминович қайд намуд, ки ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи анъанаҳои  гузаштаи халқамон, арҷгузорӣ ба хидматҳои фарзандони фарзонаи  миллат ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад. Зимни суханронӣ мавсуф ширкаткунандагони маҳфили илмиро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, иброз дошт ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин суханҳо умед ва боварии шаҳрвандонро ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии саодатмандона зинда кард. Воқеан, сулҳу субот дар кишвар бо осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин раванд саҳми Сарвари давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. 

Сарвари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шуданд.
Баъдан дар ҷаласаи маҳфил аз ҷониби донишҷӯёни бахши сеюми ихтисоси 510201 корҳои маркшейдерӣ Восиҳов Ардашер дар мавзуи “Таҷлили Рӯзи Президент-арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат” , Қурбонов Толиб дар мавзуи “Иҷлосияи тақдирсоз”, зери роҳбарии омӯзгори калони кафедра Боев М.Б. ва бахши чоруми ихтисоси зикршуда Бузургзода Хоҷаиброим дар мавзуи “ Нақши геодезия дар омода кардани муҳандиси саноати кӯҳӣ  ”, зери роҳбарии ассистент Бойматовм Д.Э. маърӯзаҳо намуданд.
Пас аз он аъзоёни маҳфил ба се даста тақсим карда шуда,  викторина дар се давр гузаронида шуд, ки дар охир аз тарафи аъзоёни комиссия натиҷабардорӣ гардида, ғолибон муайян карда шуданд.
Дар интиҳо омӯзгорони собиқадори кафедра Ҷалолов Амирҷон Фахриддинович ва Ёқубов Соҳибҷон суханронӣ намуда, мақсаду ҳадафҳои ташкил намудани маҳфилҳоро шарҳу тавзеҳ намуда, ҳамчунин ба маърӯзакунандагон ва иштирокчиён изҳори миннатдорӣ баён намуданд.