Баргузории маҳфили “Кӯҳкани ҷавон” дар кафедраи конҳои канданиҳои фоиданок

Имрӯз дар кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок маҳфили навбатии “Кӯҳани ҷавон” бо ширкати мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Мутаваллиев Абдуваҳоб ва омӯзгорону донишҷӯёни ҳамин кафедра дар мавзуи “Беҳбудӣ ва норасогии равандҳои омодасозии маъдан барои тозакунӣ дар шароити муосир” баргузор гардид.
Дар маҳфили навбатӣ  донишҷӯёни бахшҳои 3 ва 4-уми кафедраи мазкур фаъолона ширкат варзиданд.
Мудири кафедра, н.и.г-м., дотсент Мутавалиев А.Т. маҳфилоро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши маҳфил дар илмомӯзии муҳассилин ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб суханронӣ кард.
Вобаста ба мавзуи навбатии маҳфил – “Беҳбудӣ ва норасогии равандҳои омодасозии маъдан барои тозакунӣ дар шароити муосир” аъзои фаъоли маҳфил, донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси 510201-03 “тоза кардани канданиҳои фоиданок” Файзуллоев Тоҳирҷон, ки зери роҳбарии муаллимаи калони кафедра Исоева А.Т. омода гардидааст, маърӯза намуд.

Дар рафти маърӯза муаммоҳои мавҷудаи раванди омодасозии маъданҳо пеш аз бойгардонӣ ва роҳҳои ҳалли он шарҳ дода шуд, ҳамзамон донишҷӯён бо саволу ҷавоб рафти мафҳилро рангин намуданд, ки ин аз завқи баланди донишомӯзии онҳо шаҳодат медиҳат.
Дар интиҳо роҳабари маҳфили “Кӯҳкани ҷавон”, н.и.т., дотсент Маҳмудов Ҳ.А. ба аъзоёни маҳфил пешниҳод намуд, ки барои боз ҳам шавқовар гардидани чорабиниҳои маҳфилҳои минбаъда, зиёдтар кӯшиш ба харҷ диҳанд ва бо истифода аз шабакаҳои соҳавии интернетӣ, китобхонаҳои электронӣ, аз саҳифаҳои пажӯҳишгоҳҳои давлатҳои пешрафта ва таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои рушдкарда, дар маърӯзаҳои худ истифода намоянд.