Дирӯз, ҷамъомади навбатии маҳфили “Эҷодкорони техникӣ” бо номи “Механика дар ҳар ҷо”, ки дар назди кафедраи фанҳои умумитехникӣ амал менамояд, баргузор гардид.
Ҷамъомадро мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ Воҳидов А.А. ҳусни ифтидоҳ бахшида, риштаи суханро ба роҳбари маҳфил Маҳмудова С. С. дод. Маҳмудова С. С. дар баромадаш чунин афзуд: Бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияҳои нав аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст. Дар ин замина дар донишкада як қатор нақшаву чорабиниҳо тасдиқ гардидааст, ки ҳамааш баҳри рушди илм ва пешрафт нигаронида шудааст. Аз суханронии Сарвари давлат хулоса намуданд мумкин аст, ки дар марҳилаи кунунӣ таваҷҷуҳ ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва баҳрабардорӣ аз илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ба манфиати кор аст, зеро дурнамои пешрафти иқтисодиёти мамлакат маҳз ба ин илмҳо алоқамандии зич дорад.
Вазифаи асосии ҳисоби конструксияҳо – таъмини мустаҳкамии онҳо дар шароити истифодабарӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, доир ба мавзўи «Аз ҳисоби мустаҳкамӣ муайян кардани андозаҳои буриши арзии элементҳои конструксия» донишҷӯи бахши 2-510201 тА. Шарипов Алишер дар маҳфили имрӯза суханронӣ намуд.
Шарипов А. дар хусуси мавзӯи гузошташуда, сухан ронда қайд намуд, ки мустаҳкамии элементҳои конструксия таъмин мебошад, агар ки барои ҳар як буриши арзии он шиддати калонтарини корӣ аз шиддати ҷоиз калон набошад. Презентатсия, ки бо элементҳои мултимедия ва расмҳои ранга оро ёфта буд, баромади Шариповро боз ҳам шавқовар намуд.
Баромадро бо рағбат гӯш карда, донишҷӯён саволҳои зиёд доданд, баромадкунанда бо ёрии роҳбараш барои ба онҳо ҷавобҳои пурра додан кӯшиш ба харҷ дод. Қарор қабул карда шуд, ки донишҷӯёни мактабҳои олии техникӣ, яъне муҳандисони оянда бояд, ки аз ҳисоби мустаҳкамӣ муайян кардани андозаҳои буриши арзии элементҳои конструксияро донанд.