Баргузории маҳфили донишҷӯдухатрон таҳти унвони “Кани духтарон” дар донишкада

Имрӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада маҳфили донишҷӯдухатрони “Кани духтарон” бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва духатрону бонувон ва омӯзгорон баргузор гардид. Чорабиниро раиси Шурои занон ва роҳбари маҳфили мазкур Сулейманова Назокатхон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши занону бонувон дар ҷомеа, дастгириҳои Роҳбарияти давлат, тарбияи дурусти донишҷӯдухтарон, ҳавасманд гардонидани онон ба илмомӯзӣ, мақсаду мароми баргузории маҳфил ва барномаи он суханронӣ карда, барномаро ба ҳозирин шарҳ дод. 

Сипас, бо баргузории мусобиқа байни дастаҳо бо шартҳои ҳамсон аз ҷумла эҷоди нашрияи деворӣ,  ороиши дастархон, ороиш додани меваҷот ва сохтани дизайни хуб аз анвои гуногуни меваҷот, буридани угро (анвои ғизо дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва баъзе шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ), иҷрои саҳначаи тарбиявӣ, реза кардани сабзӣ ва ба намоиш гузоштани либоси милливу рақс  кори маҳфилро оғоз бахшиданд. Дастаҳои донишҷӯдухтарон фаъолона аз худ дарак дода, бо ороиш ва муаррифии либосҳои милливу рақси тоҷикона дар интиҳо  баҳои баланд гирифтанд.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар интиҳо ба ҳунар ва дастранҷи донишҷӯдухтарон баҳои баланд дод, фаъолмандиашонро тавсиф намуд. Мавсуф иброз дошт, ки гузаронидани чунин маҳфилу чорабиниҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, зиёд гардидани эҳтиром ба зан модар ва шинохти ҷойгоҳи ин отифаи меҳр мусоидат менамояд.