Субҳи имрӯз, бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар саҳни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён машқи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Миллати ҷисман солим, руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад” доир гардид.