Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада бахшида ба “Солҳои рушди саноат 2022-20226” конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Коркарди металлургии самаранок, экологияива рушди устувор” баргузор гардид. Конфронси мазкурро ректори донишкада доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба истифодаи самараноки коркарди металлҳо, истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок, истифодаи дурусти иқтисодиёти рақамӣ дар саноат, баланд бардоштани мафкураи молиявии донишҷӯён, сифатнок гардонидани корҳои озмоишгоҳӣ, баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён ва кормандони соҳаи саноат, истифодаи дурусти формулаҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани машваратҳои илмӣ- амалӣ дар корхонаҳои саноатӣ суханронӣ намуд. Ҳамчунин, мавсуф таъкид намуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз як силсила имкониятҳо ба саноатчиён дода шуд ва бояд аз ин имкониятҳо истифода бурду барои рушди Ватан саҳмгузорӣ намуд.
Сипас, модератори конфронс Умарҷонов Абдусафо ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, суханро ба меҳмон- дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сайдуллоева Дилором дод. Мавсуф дар мавзӯи ” Масъалаи иқтисодиёти рақамӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодӣ” маърӯза хонда, оид ба ин масъала муфассал маълумот пешниҳод намуд.
Баъдан, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин оид ба мавзӯи “Дурнамои азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданоки вилояти Суғд дар давраи саноатикунонии кишвар ” суханронӣ намуда, ба ҳозирин моҳияти масъаларо олимона шарҳ дод.
Ҳамчунин, дар конфронси мазкур мудири кафедраи металлургия дотсент Қодиров Абдурашид оид ба масъалаи металлургӣ ва истифодаи самараноки он дар давраи саноатикунонии кишвар суханронӣ намуда, роҷеъ ба ояндаи ин соҳа маълумот дод.
Дар доираи кори конфронс маҷмӯаи мақолаҳо аз конфронси имрӯза ба нашр расид ва ба меҳмонон тақдим карда шуд.
Сипас, кори конфронс дар бахшҳо идома пайдо намуд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи металлургияи факултети металлургия гузаронида шуд.