Санаи 23-уми июн дар толори Шӯрои олимони донишкада конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 115-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров бо ибтикори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии донишкада баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи мазкур дотсент Абдуллоев Икром иттилоъ дод.
Дар конференсияи мазкур устодони кафедра оид ба самтҳои зерин маърӯзаҳои намуданд: Абдуллоев И. Р. – н. и. т., дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ–иҷтимоӣ “Б. Ғафуров ва рисолати ӯ дар таърихи миллати тоҷик”, Изатуллоев Р. И., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ–иҷтимоӣ “Мақоми ваҳдати миллӣ дар рушди фарҳанг”, Атоева К. М. – н. и. ф., омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ–иҷтимоӣ “Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи таърих ва давлатдорӣ”, Тошматов З. А. омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ–иҷтимоӣ “Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан”.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур профессор Муллошо Давлатов оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарами Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистон сухан ронда, сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдатро дар ин шабу рӯз муҳим арзёбӣ намуданд.
Умуман конфронси мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардид ва ҳозирин аз маърӯзаву мулоҳизарониҳо лаззати маънавӣ бурданд.