Имрӯз ба шуъбаи иттилоот директори китобхонаи илмӣ- электронӣ Баҳриниссо У. иттилоъ дод, ки санаи 12-уми феврали соли равон ба китобхонаи илмӣ – электронӣ, як гурӯҳ донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси 510202 бо роҳбарии мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Д.Д ба толори хониш ташриф оварда дарси КМРО аз фанни экологияро гузаштанд. Дарс хеле шавқовар гузашт, донишҷӯён бо руҳияи баланд, аз ҷои барҳавою кушоду зебо дарси худро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Дар интиҳои дарс масъулини китобхона ба донишҷӯён ҳама нуктаҳои хонишро шинос намуда, якчанд китобҳоро барои мутолиа тавсия карданд.
Ёдовар мешавем, ки тамоми адабиёти соҳавӣ имрӯз дар китобхонаи донишкада ҳаст ва донишҷӯён метавонанд аз он самаранок истифода баранд.