Баргузории дарси кушоди Ҳомидова Машҳурахон

Имрӯз, дар синфхонаи 106-и кафедраи таъминоти барқ дарси кушоди омӯзгори ҳамин кафедра Ҳомидова Машҳурахон аз фанни “Барқтаъминкунии корхонаҳои саноатӣ” дар мавзӯи “Борҳои барқии корхонаҳои саноатӣ” бо ширкати омӯзгорону намояндагони раёсати таълим баргузор гардид.

Дарси кушоди омӯзгор Ҳомидова М. аз рӯи нишондодҳои мавҷуда ва талаботи ягонаи шуъбаи БИСТ баргузор гардид ва аз ҷониби ҳозирин баҳои хуб гирифт. 

Ёдрас шудан ба маврид аст, ки дар дарси кушоди мазкур сардори шуъбаи БИСТ Юсупов Хуршед,  мутахассиси раёсати таълим Эшов Зулфон, Силмонова Сурма ва дигарон ширкат намуда, аз ҷараёни баргузории дарси кушод, тарзи шарҳи мавзуъ ва ғайра назари худро пешниҳод намуданд.