Имрӯз дар толори толори Шурои олимони донишкада дарси ваҳдат баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.
Дарси ваҳдатро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Абдуллоев Икром ифтитоҳ намуда, намояндаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоаъзам М.- ро ба ҳозирин муаррифӣ кард.
М. Мирзоаъзам роҷеъ ба ваҳдат ва рӯзҳои даҳшатбори солҳои 90-ум чанд нуктаро таъкид карда, аз ҳаёти он солҳо мисолҳо оварда муҳимияти ваҳдатро шарҳ дод.
Сипас, сардори шуъбаи иттилоот М. Саидов роҷеъ ба хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ сухан ронда, омилҳои ваҳдатофар ва зарурияти ваҳдати миллатро гуфта гузашт.
Ёдовар мешавем, ки дарси мазкур бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ гузаронида шуд.