Санаи 12.10.2024с. омӯзгори калони кафедраи Геология ва корҳои нафту газ Ашуров Маҳмудҷон Мансурҷонович донишҷӯёни бахши сеюми ихтисоси 510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту гази гурӯҳи русиро бо мақсади гузаронидани дарси амалӣ-саҳроӣ аз фанни таълимии “Пармакунии чоҳҳои нафту газ” ба майдони пармакунии чоҳи №17 Маҳрам дар ҶСК “Суғднафтугаз” бурд. Зимни баргузории дарс дар майдон ба донишҷӯён технологияи пармакунии чоҳи нафтӣ, омода намудани маҳлули пармакунӣ, асбобҳо ва таҷҳизотҳои асосӣ барои пармакунӣ, технологияи гардиши маҳлули пармакунӣ дар чоҳ ва ғайраҳо фаҳмонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки гузаронидани чунин тарзи дарсгузаронӣ барои баланд гардидани савияи дониши донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро ҳамчун мутахассис омода менамояд.