Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври вилоятии озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсия химия баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар муассиса тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва маҳз дар ду соли охир дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 12 озмоишгоҳи пажӯҳишӣ ва таълимӣ ба истифода дода шуд, ки ин ҳам дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолӣ ва заҳмати ҳайати профессорию омӯзгории донишкада мебошад.