Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Дар чорабинии ифтитоҳии бахшида ба озмуни мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон ширкат намуданд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ширкаткунандагон муваффақият таманно намуда, изҳор дошт, ки ҳар нафари ғолиб бо мукофоти пулӣ ва имкониятҳои дигар қадрдонӣ карда мешавад. Озмун аз рӯи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия),
физика ва астрономия,
химия, география, технологияи иттилоотӣ,
ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид.