Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ аксия таҳти унвони “Ҳуқуқи худро бидон”! баргузор гардид. Зимни баргузории аксия ба донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон варақаҳои дорои иттилои марбут ба эҳтироми Конститутсия ва қонун аз ҷониби ҳар шаҳрванд тақсим карда шуд.