Номард ҳеҷ вақт тарафҳои мардии рақибашро эътироф намекунад. Аз он ки мақомот бо як масъулияти баланд, бозгашти Гадоевро, ки як муҳоҷири одист таъмин намуданд, на минбари ифротиҳо «Паём.нет», на минбари шиаҳо «Кимиёи саодат» ва на меҳроби наҳзатиҳо «Ахбор.ком» эътироф накарданд, ки то кадом андоза ниҳодҳои ҳукуматӣ силаи раҳм доранд.
Ин мухолифони ифротӣ ҳамин тавр дар олами чаҳли мураккаб се даҳсола аст, ки мардумро бо зӯриву куштор нигоҳ доштанд. Ҷонибдорони инквизитсияи динӣ, чӣ тавре ки Ҷордану Брунову Коперникро дар Ғарб хафақон карданд, дар Шарқ, хусусан Тоҷикистон Осимиву Латифиву Исҳоқиро бераҳмона куштанд. Олимпурро зардуштӣ гуфта, ба қатл расониданд. Ин тоифа бо илму пешрафт душмани ашаддӣ буда, мардумро ҳамчун ҳезум истифода карданд. Дар баробари рафтори ифротиҳо мардонагиву матонати ниҳодҳои ҳукуматӣ нишонаи олиҳимматии истиноист.
Дуруст аст, ки ин пирӯзии ҳақ бар ботил аст. Бар ботиле ки наҳзат ном дорад. Пас аз ин иқдоми ниҳодҳо ва мақомот наҳзатиҳо дар қиболи киштии шикаста, бо рӯхияи афтода қарор хоҳанд гирифт. Зеро бозгашти Гадоев уфти башиддат қобили мулоҳизаи қувваҳои вопасгаро ва ақибмондаи асримиёнагӣ хоҳад буд. Ниҳодҳои ҳукуматӣ бовиқор аз ҳолати бавуҷудомада баромаданд ва тӯбро ба ҷониби мухолифон ҳавола карданд. Ин иқдом Гадоевро ба куллӣ дигар кард. Ӯро мардонавор пешвоз гирифтанд ва мардонавор гусед карданд.
Аммо минбари ифротӣ баъд аз ин ҳам, дугоники дурӯғгӯён боқи хоҳад монд. Зеро раҳбарони наҳзат дар умри худ аз мактабу савод фарсахҳо дур буданду то суқути Шуравӣ дар кадом корхонае ё қаровул буданд ё посбон. Ҳатто кор дар заминро ор мепиндоштанд ва қасдан дар заминҳои пахта ва боғҳо кор намекарданд. Вале гашти фалакро бинед, ки якбора ба арикаи қудрат такя заданд, он ҳам ба сифати ҳизби сиёсӣ.
Ҳайати кадрии наҳзат ҳама аз илм нафрат доранд ва олимонро мулҳиду мушрик медонистанд. Бо ин муносибат, онҳо ҳеҷ вақт ба кору фаъолият рӯйи хуш нишон намедоданд.
Навбосмачиҳои ғарбнишин бо ҳамон саводи казоияшон ба Ғарб тафаккури кулух ва эзорро бурданд. Агар инҳо савод медоштанд, босмачиҳоро намунаи ибрати давлатдорӣ намепиндоштанд.
Дар сомонаи паём.нет, ки пойгоҳи такфирӣ дар Аврупост беасос ба шахсиятҳои муътабар часпида, иқтидори ниҳодҳои ҳукуматиро ба шубҳа мегиранд. Барои ин салафиҳои ҷангҷӯ бозгашти Гадоев як мушти обдори маънавист.
Разолат ва қабоҳати ин сомонаи шайтонмиҷоз, то сарҳади ғайриахлоқие убур кардааст, ки дар ҳар пешравиро сиёҳӣ ва дар рушду нумуи кишвар торикие меёбаду онро чаппа ба ҳамагон нишон медиҳад.
Иброҳим Обидов,
донишҷуи соли сеюми факултети металлургияи ДКМТ