Имрӯзҳо ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пандемияи КОВИД-2019 мубориза мебарад ва дар баъзе кишварҳо низ аллакай таъсири манфии худро расонидаасту саломатии бисёре аз инсонҳо дар ҳолати вазнин қарор дорадва махсусан дар кишварҳои Аврупо хатари бештари он мушоҳида мешавад, ки хушбахтона ин навъи беморӣ дар кишвари мо ба мушоҳида намерасад ва барои пешгирӣ аз он тамоми чораҳо андешида шудааст.
Феълан ситоди умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда шудааст, ки дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар ин ҳолатро назорат мекунанд ва барои пешгирӣ омодаанд. Лек аз чӣ бошад, ки баъзе аз душманони миллати тоҷик дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурда барои ноором кардани ҷомеа худро гӯё олим ҳисобида баъзан сафсата мегӯянд, ки ба ҳеҷ дарде намеххрад.
Масалан дар навиштае ТТЭ ПМТ сафсатаи худро бо ин ном “Пешниҳодҳои ПМТ оид ба пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони дар пешистода” ирсол кардааст, ки нақораи ҳофиз баъди тӯйро мемонад, ки инро баъзан нолаи девона дар дар сурур ҳам гуфтан хато нест.
Зеро пас аз оне, ки ҳамин коронавирус дар Ҷумҳурии халқии Чин сар зад, аллакай тамоми кишварҳои ҳамсоя аз вазъияти бавуҷудомада хулоса бароварданд ва барои пешгирӣ аз ин навъи беморӣ омодагӣ диданд, ки дар ин росто кишвари мо низ аз пешсафони ин иқдом буд ва хушбахтона ҳамин чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар буд, ки имрӯз мардум дар сиҳативу саломатӣ қарор доранд.
Аммо бадхоҳону душманони миллат ба хотири он ки миллатро ба роҳгумӣ баранд ва сарсону таҳлуказада кунанд, ҳар рӯз як нав хабари бад ва сафсатаҳои худро пешниҳод месозанд, ки ба ягон дарде намехӯрад.
Ин навиштаҳо ҳам давоми ҳамон сафсатаҳои наҳзатиёни малъун аст, ки имрӯзҳо дар сомонаҳояшон ба нашр расонидаанд ва мехоҳанд аз ҳамин роҳ хиёнатҳояшонро идома диҳанд, ки аз миллати сарбаланди моро зарур меояд, то ба ин сафсатаҳо таваҷҷуҳ намоянд ва оромона гигиенаи шахсиро риоя намуда, зиндагиро идома диҳанд ва хушҳолона зиндагӣ кунанд.
Зеро хоинону душманони миллати тоҷик ҳамеша талош мекунанд, ки аз ҳар роҳ ба миллати тоҷик хиёнат кунанд ва миллатро сарсону саргардон созанд.
Аз ин лиҳоз, ҷавонон ва насли ҳушёри миллатро зарур аст, ки фирефтаи ҳангомаҳои хоинон нагардида, зиракии сиёсиро ҳифз намуда, барои ба роҳ мондани зиндагии дуруст ва ҳаёти солим талош варзанд.
Аминҷонова М.
Омӯзгори ДКМТ