БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Чанд рӯз аст, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ сафари Сарвари давлат ба Аврупо паҳн гардида, онро нотавинбинон ва душманони миллати тоҷик бар нафъи хоҷагони хориҷии худ истифода ҳар гуна шарҳ медиҳанд, ки хилофи рафтори инсонигарист. Албатта, аз нотавонбинон ва душманони миллат, ки барои ду сум пул шуда, ҳуввият ва ҳайсияти худро ба хоҷагони хориҷӣ фурухтаанд амали инсониро интизор шудан номумкин аст. Зеро онҳо кайҳо боз худро ғулому мутеи хоҷагони хориҷияшон намуда, ҳатто ба хотири пул дину мазҳаби хешро дигар намудааанд, ки аз ин бадтараш барои инсон нест.

Ҳоло ҳамин тиоифаи бадгуҳару бадниҳод, ки дар замирашон тухми фитнаву душманӣ сабзидааст, бар зидди миллати тоҷик мубориза мебаранд ва кӯшиш мекунанд, ки обрӯву мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш диҳанд. Ин тирасарони беҳувият ва бефарҳангу адаби инсонӣ ҳаргиз саодат ва хӯшии миллатро нахоста, доим аз пайи низоъафканӣ ҳастанд.

Чуноне, ки медонем барои аз байн бурдану нест намудани давлати Тоҷикистон ин наҳзатиёни бадкеш ва хоин чӣ корҳоеро анҷом надоданд ва чӣ қадар хуни мардуми бегуноҳро нарехтанд ва имрӯз ҳам ба хотири гумроҳсозии миллат камар бастаанд, то ҳамон даҳшатҳои солҳои 90-умро, ки ба манфиати хоҷагони хориҷияшон мебошад дубора такрор намоянд.

Ин тоифаи бадкеш ва бадреша ҳаргиз мурсову мадорои инсониро риоя нанамуда, ба ҳамон хислати фашистии худ, мехоҳанд ҳамаро несту нобуд кунанду саодатро аз фазои Тоҷикистон аз байн баранд ва худ бо пули ҷиноятҳояшон шод зиндагонӣ кунанд. Онҳо нағз медонанд, ки миллат имрӯз пурра аз амалҳои террористии ин тоифаи  авбошу ҷинояткор ва террористу экстремист огоҳ гаштааст ва дигар роҳи баргашт нест. Ба ҳамин хотир наҳзатиёни мунофиқ ва палид ба гумроҳсмозии миллат пардохтаанд. Рӯзе нест, ки як хабари дурӯғ ва фитнаангезу иғвобарагезро аз ин тоифаи лаин нашунавем ва ин як навъ машғулияти наҳзатиҳои ғуломтабиат бар зидди миллати тоҷик гардидааст.

Бадхоҳи касон ҳеҷ вақт ба мақсад нарасад мегӯянд ва умед аст, ки ин палидони ғуломтабиат ҳам ҳаргиз ба мақсад намерасанд, зеро ки роҳи интихобкардаи онҳо роҳи торикист ва ягон навъ некиву инсондӯстӣ дар он дида намешавад.

Душманони миллати тоҷик ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид ва шикасти онҳо дербоз аён аст.

Ба ҳама маълум аст, ки сафари Роҳбари давлат ба ин ё он давлат барои рушду тараққиёти он равона гардида, аз он ба манфиати миллат суде ҳасту зараре не, аммо наҳзатиён ва дигар авбошони наҳзатӣ ҳаминсафарро ҳам бо хости замири сиёҳи худ шарҳ дода, онро гуногун арзёбӣ мекунанд, ки ғалати маҳз мебошад.

Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият дар сиёсати хориҷияш ба натиҷаҳои назаррасе ноил гардид, ки аксарияти кишварҳои собиқ пасошӯравӣ ҳоло дар нимароҳанд. Давлати Тоҷикистон тавонист, ки бо аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор кунад, ки дар як муддати кӯтоҳ на ба ҳама давлатҳо даст медиҳад.

                                                               Меҳвар Абдусаломович

                                                               омӯзгори ДКМТ