БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД…

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар дунё ягон халқияту миллате нест, ки мисли гузаштагони мо оиди инсондӯстӣ, одаму одамгарӣ ва ахлоқи ҳамида мероси бузурги маънавӣ дошта бошад. Бубинед, “Шоҳнома” – и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, “Қобуснома” – и Унсурулмаолии Кайковус, “Сиёсатнома” – и Низомулмулк ва даҳҳои асарҳои дигари шоирону нависандагони адабиёти классикии форсу тоҷик саршор аз ғояҳои инсондӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва сиёсату давлатдорӣ мебошанд. Маҳз барои соҳиб будан ба чунин мероси бузурги маънавӣ ва меҳмоннавозию инсондӯстӣ ҷаҳониён миллалти куҳанбунёди моро мешиносанд. Аммо сад афсус, ки нафароне вомехӯранд, ки аз ин мероси бузурги фарҳангии аҷдодонамон бехабаранд. Ҷаҳонбинии маҳдуди ин тоифа аз ҳиссиётҳои бадбинию адоват нисбат ба миллату давлат, манфиатҷӯӣ, дасисабозӣ, манфиати худро аз миллату давлат боло гузоштан саршор аст. Ин нафарон тайёранд ҳар лаҳза барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ ба халқу Ватан хиёнат кунанд.
Ҳодисае, ки санаи 29.07.2018 сол дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ омад, яъне ҳамлаи гуруҳи ҷинояткорон ба сайёҳони хориҷӣ гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд. Ин гуруҳи муташаккили ҷинояткор, ки бо дастури ТЭТ-и ҳизби наҳзати ислом ва ДИИШ ин ҷинояти мудҳишро анҷом доданд, исбот намуданд, ки терроризм миллат, мазҳаб, ҳудуд надорад. Маҳз барои ҳамин ҳам, Пешвои муаззами миллатамон мунтазам таъкид менамоянд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин вабои аср, хатари умумиҷаҳонӣ дастаҷамъона мубориза барем. Гуруҳи ҷинояткорон: Абдусамадов Ҳусейн, Юсупов Аслиддин, Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар бо роҳбарии Убайдов Носирхӯҷа (Қорӣ Исмат) ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла оварда  мақсад доштанд миллати маро бадном сохта, фазои сулҳу суботи кишварро халалдор созанд. Вале бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасад, ба ибораи дигар чоҳканро чоҳ дар пеш аст. Хушбахтона, дар як муддати кутоҳ аз ҷониби мақомоти қудратӣ гуруҳи мазкур дастгир ва нобуд карда шуд.
Чӣ тавре ки дар боло қайд намудем, агар ин ҷинояткорони девсират аз мероси маънавию ахлоқии гузаштагони мо заррае огоҳӣ медоштанд, аввалаш ба  ҳизби террористии наҳзати ислом аъзо намегардиданд ва чунин ҷиноятҳоро содир намекарданд. Дар пештоқи бинои СММ маҳз мисраҳои  адабиёти классикии тоҷику форс Саъдии Шерозӣ ҳаккокӣ шудааст: 
Бани одам аъзои якдигаранд, 
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узверо ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Шумо ҷинояткорон, хоинони Ватан боре андеша намудед, ки дар пештоқи ин ташкилоти бонуфузи умумиҷаҳонӣ на мисраъҳои шоирони англис, франсуз ва ё олмонӣ, аммо маҳз гуфтаҳои шоири бузурги адабиёти классикии тоҷику форс Саъдии Шерозӣ ба ҳафт забон сабт карда шудааст.
Оё Шумо аз ашъори маънавии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хабар доред, ки фармудааст: 
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Инсон ба дунё як бор меояд барои некукорӣ, дӯстӣ, васл кардани халқу миллатҳо ва таъмин намудани зиндагии шоиста, аамо  на барои куштор, сияҳкорӣ ва дасисабозию ҷангу хунрезӣ, ки боиси марги одамони бегуноҳ мегардад.
Мо зиёиён ин амали террористиро қатъиян маҳкум мнамоем. Аз ҷониби дигар ҳодисаи мазкур мо тарбиятдиҳандагонро водор месозад, ки насли ҷавонро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, ҷавонони ватандӯсту шуҷоъро ба воя расонем.

Камолуддин Қозиев муовини ректори ДКМТ оид ба корҳои таълим

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

19 + 4 =