БАДАХШОН МАВЗЕИ ДИЛФИРЕБ АСТ, НА ДОМИ ФИРЕБИ АВБОШОН

   Ҳар боре хабари шумро оид ба аъмоли зишти авбошон дар Бадахшон мешунавам, вуҷудам ба ларза меояд. Ба гумонам куҳпорае аз қуллаҳои Помир меафтад.  Чунин ба назар мерасад, ки тудаи авбошон ғофил аз қонунҳои мавҷудаи кишвар ҳамоно даст ба тазоҳурот мезананд ва бо намояндагони мақомог даст ба гиребон мешаванд. Аз сомонаи радиои Озоди ин хабарро мутолиа кардам:

“Додситонии вилояти Бадахшон ба тафтиши муноқиша миёни кормандони пулис ва як гуруҳ аз сокинони шаҳри Хоруғ шуруъ кардааст. Дар ин муноқиша дар рӯзи 13-уми январ, Наврас Худоёров аз тири пневматикӣ захм бардошт.

Мақомоти интизомӣ гуфтанд, муноқиша баъди он сар задааст, ки як сокини Хоруғ ба зидди кормандони пулис аз зӯр кор гирифт ва онҳо маҷбур шуданд, аз силоҳи пневматикӣ истифода баранд.

Дар дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ рӯзи 14-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин сокини Хоруғ ба кормандони милиса зӯроварӣ ва таҳдид кардааст. “Ин нафар ҳоло дар беморхона аст. Феълан додситонии вилоят қазияро таҳқиқ дорад.” – гуфтанд, дар вазорат.”

   Салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳама ҷабҳа риояи  қонун мебошад. Эҳтироми қонун пеш аз ҳама итоаткорӣ ба намояндаи қонун аст. Хислатҳои моҷароҷуёна ва иштибоҳангез ҳаргиз моро ба муросо намеорад.

   Бадахшон имруз бояд ба вазъи ором ва фазои сулҳу субот бо меҳмоннавозии мардуми кӯҳистон бештар сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намояд. Дуруст аст, ки кормандони мақомот ба хотири ҷорӣ намудани тартибот дар доираи салоҳияти худ тадбирҳои амниятӣ меандешанд ва дар ин самт аҳолии маҳаллӣ бояд таҳаммулпазир шуда дар ҳамкорӣ бо мақомот минтақаи худро ором нигоҳ дорад. Тартиботи ҷамъиятӣ ҷорӣ бошад, сафи сайёҳони хориҷӣ низ пурра мешавад.

 

                                                                                 Баҳодур Зиёмиддинов, сардори шухбаи илм, инноватсия ва                                                                                                 робитаҳои байналмилалии ДКМТ ,

                                                                                   номзади илмҳои физикаю математика