БАДАХШОНРО ОРОМ ГУЗОРЕД

Замони  соҳибистиқлолии кишвар барои пешрафт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятиву давлатии минтақаҳо заминаҳои асосии рушд ва пешрафтро замина гузошт.

Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти Тоҷикистони азиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мадди назари Ҳукумату давлат, хосатан дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ сохтмон ва ба истифода додани садҳо корхонаву идора ва муассисаҳои таълимӣ далели комили таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Ҳукумату давлат нисбати аҳолӣ ва мардуми ин минтақаи кӯҳистон ба шумор меравад.

Аз лаҳзаи ба сари қудрат омадани Президенти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ВМКБ-ро яке аз минтақаҳои муҳими дорои имкониятҳои фаррох, дорои замимаҳои муҳими инфрасохторӣ дар назди Ҳукумату давлат муаррифӣ менамуд. Оид ба мунтазам рушд ёфтани ин минтақаи кӯҳистон ҳамасола ба масъулин дастуру супоришҳои махсус  дода мешуд то барои ба таври комил истифода намудани имкониятҳои ин вилоят чораҳои ҳалталаб андешанд.

Мардуми шарифи Бадахшон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамаҷониба аз дастгириву пуштибонии Ҳукумат махсусан, Пешвои миллат баҳраманд гашта, баҳри боз ҳам ободу рушд ёфтани ин минтақа саҳми хешро низ гузошта истодаанд. Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар ба истифода додани 1700 иншооти таъиноти гуногун аз ҷумла, дар соҳаи тандурустӣ, мактабу маориф, сохторҳои қудратӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ин нишоне аз рушд ва ишкишофи ҳамаҷонибаи ин вилоят ба шумор меравад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар сафари навбатии худ ба ВМКБ, Пешвои  миллат зикр доштанд, ки дар ин минтақа то таҷлили 30 солагии Истиқлолияти кишвар сохтмони чандин иншоот ва биноҳои гуногуни зарурӣ  ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони аксари онҳо оғоз ёфта, то ҷашни Истиқлолияти кишвар ба мардуми ин минтақа тӯҳфаи хуб хоҳад буд.  Аз ҷумла 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг ва таъмиру тармими 26 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба шумор меравад.  Ҳамзамон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ҳудуди вилоят сохтмони 26 иншоот, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бунёди 4 иншооти муҳим идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 300 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин ҳама далели равшани пуштибонӣ ва ғамхории Ҳукумат ва Президенти кишвар маҳсуб меёбад.

Баробари ин ғамхориву пуштибонии ҳамешагии Ҳукумату давлат ва махсусан, Пешвои миллат мутаасифона имрӯз ба назар мерасад, ки баъзе ашхоси дасисабозу хиёнаткор ба қадру қиммати ин оромиву осудагӣ ва пешрафту шукуфоии ин минтақа нарасида, ба амалҳои нангини ҷиноятӣ даст мезананд, ки боиси ташвиши аҳолӣ гардидааст. Ба гурӯҳҳои ифротӣ аъзо шудани ҷавонон ба ақидаҳои дасисабози гурӯҳҳои ифротӣ дода шудани онҳо боиси нигаронии ҳам мақомот ва ҳам шаҳрвандон гаштааст. Дода шудан ба андешаву афкори манфиатҷӯёнаи гурӯҳи хиёнаткорон, ки ҳадафашон вайрон намудани оромӣ ва осоиштагии мардум аст аз ин миён дур нест. Чанд нафароне, ки ба ТЭТ ҲНИ аъзо гашта бо ақидаҳои хурофотии худ ҷавонони ин вилоятро гумроҳ намуда, барои амалӣ намудани мақсаду ҳадафҳои нопоки худ кӯшиш мекунанд дар минтақа фазои нооромро бунёд созанд.

Хиёнаткороне ба мисли Алим Шерзамонов ва чанде аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин минтақа чун Толиб, Боқир, Ёдгор ки бо ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшон даст ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ зада мекӯшанд то ҳадафҳои нопоки хоҷагонашонро амалӣ созанд. Ин ашхосони ноҷавонмардони зархарид ва фурӯхташуда ва он гурӯҳҳои ифротгаро асосан ба хотири пӯшидани ҷиноят гуноҳояшон талош мекунад. Аммо мардуми тоҷик ва алалхусус, мардуми бонангу номуси Бадахшон ба хубӣ огоҳ ҳастанд, ки Шерзамоновҳо ба чандин амалҳои ҷиноятӣ даст зада, барои худро бегуноҳ нишон додан дар назди мардум даст ба чунин зиштиву иғвоандозиву тӯҳмату тавҳин задаанд. Ин нафарон амалкарди фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳҳои амниятиро, ки ба хотири боз ҳам таъмини босуботи аҳолӣ ва нигоҳ доштани тартиботи дохилии вилоят чораҳои зарурӣ андешида истодаанд онҳоро зиддӣ мардум маънидод мекунанд, ки амали онҳо баёнгари хиёнаткории онҳо ба Ватан бо амри хоҷагони зархаридӣ хориҷиашон аст.

Мебояд дар ин рӯзҳои ҳассос ва душвори гузариш, ки раванди бенизоми ҳаёти сиёсӣ тамоми минтақаҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст мардуми сарбаланди Бадахшон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, нигоҳ доштани суботи бонизом ва таъмини амнияти миллӣ дар паҳлӯи мақомотҳои давлатӣ истода, барои дастгир намудани гурӯҳҳои ҷинояткор дасти кӯмак расонанд. Зеро ҳадафи асосии ин ҳама амалиёт ба хотири оромӣ ва осоиштагии мардуми нафақат ин минтақа балки тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

 

Олимов А.  – мудири  кафедраи геология ва корхои нафту газ