Ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва омӯзгорон дар ҷаласаи ҷамъбастии Лоиҳаи байналмилалии «Water Harmony Eurasia II» дар Норвегия

Дирӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ду нафар омӯзгорон профессор Розиқов Зафар ва Ҳоҷибоев Далер аз кишвари Норвегия, ки ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи ҷамъбастии Лоиҳаи байналмилалии «Water Harmony Eurasia II» сафар намуда буданд, баргаштанд ва роҷеъ ба ин сафардидҳо ва дигар маълумот доир ба ин лоиҳаи байналмилалӣ профессор Розиқов Зафар , ки ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон аст,  гузорише таҳия намудаанд.

Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон аз соли 2015 дар давраи дуюми Лоиҳаи байналмилалӣ «Water Harmony Eurasia II» фаъолона иштирок менамояд (2015-2019-2022). Лоиҳа бо роҳбарии Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия ва бо иштироки 10 донишгоҳҳои давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар доираи иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, амалӣ гардида истодааст.

Мувофиқи нақшаи кории Лоиҳаи «Ҳамоҳангсозии об Евразия – 2», ки донишкадаи мазкур узви он мебошад, санаҳои 09-15 июни соли 2022 дар Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия  ҷаласаи кории чамъбастии коршиносони Лоиҳа, тренинг барои ҳайати профессориву омӯзгорӣ баргузор гардид. Дар кори лоиҳа ректори донишкада н.и.и., профессор Маҳмадалӣ Б.Н., ҳамоҳангсози лоиҳа аз Тоҷикистон – д.и.т., профессор Розиқов З.А. ва мудири кафедраи экология, н.и.т. Ҳоҷибоев Д.Д., иштирок варзиданд.

Дар доираи Лоиҳаи мазкур, Донишкада дар самтҳои илм ва таълим, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ, мубодилаи донишҷўён, баланд бардоштани сифати таълим ҳамкорӣ намуда истодааст. Дар давраи аввали Лоиҳаи мазкур дар донишкада лабораторияи муосир бо харидории таҷҳизотҳо  оид ба ташхиси сифати об ташкил карда шуда буд. Инчунин китоби дарсӣ вобаста ба Идоракунии захираҳои обӣ ва усулҳои тозакунии обҳои шоранда бо 5 забон, аз он ҷумла бо забони тоҷикӣ нашр гардидааст.

Санаҳои 10 то 15 июн ҳангоми сафари корӣ дар Норвегия тибқи нақшаи Лоиҳа чунин корҳо анҷом дода шуд:

Ҷаласаи кории Лоиҳа (санаи 10.06.2022):

-Баррасӣ намудани мутобиқкунии барномаҳои таълимӣ ба талаботҳои корхонаҳои саноатӣ;    

 -Тавсияҳо оид ба нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии номдор;

 -Ташриф ба лабораторияҳои илмии муассиса;

-Таъминоти сифати таҳсилот ;

 – Лексияҳо ва семинари интерактивӣ.

Семинари таълимӣ (санаи 11.06.2022):

  -Таҷрибаи раванди таълим дар ИМА;

 – Мисолҳо аз Университети Колумбиягӣ (шаҳри Ню – Йорк);

 – Раванди таълим дар системаи фосилавӣ;

 – Омода кардани маводҳои таълимӣ методӣ барои таълими электронӣ;

 -Ҷаласаи корӣ оид ба иҷроиши вазифаҳои лоиҳа.

Кушодашавии курси интенсивӣ  (санаи 13.06.2022) бо иштироки зиёда аз 60 нафар донишҷӯён оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар шароити иқлими хунук;

-Ташкили курси мазкур барои донишҷӯёни аз кишварҳои гуногун;

-Раванди азхудкунии курс ва санҷишу ҳисоботҳои ҷамъбастӣ.

 Ҳайати профессориву омӯзгории донишкада дар семинари хотимавии омӯзишӣ барои баланд бардоштани тахассус “Педагогикаи инноватсионӣ дар барномаҳои таълимии самти оби мактабҳои олӣ” ки дар мавзӯъи “Физические и киберриски в водном секторе” шуда гузашт, иштирок варзиданд. То ин давом 10 семинари дигар дар мазӯъҳои гуногун тариқи онлайн шуда буд. Тренинги мазкур аз ҷониби омӯзгорони Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия ташкил карда шуда, дар он профессорон аз кишварҳои Норвегия, ИМА ва ширкатҳои соҳаи об маърӯза намуданд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни Лоиҳа аз фаъолияти ширкати ScanWater шинос гардиданд. Ҳайати роҳбарикунандаи ин ширкат барои иштирокчиён дар мавзӯи “Идоракунии таъминоти об ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда” бо презентатсия маърӯза намуд. Зикр гардид, ки ширкати мазкур бо муассисаҳои илмии кишвар ҳамкории зич дошта, технологияҳои таъминоти оби нӯшокиро таҳия менамояд.

Санаи 14.06.2022 аъзоёни Лоиҳа бо фаъолияти муассисаи давлатӣ оид ба тоза кардани обҳои шоранда шинос гардиданд. Кормандони корхона иштирокчиёнро бо технологияҳои муосир, ки барои тоза кардани обҳои шоранда ва назорати сифати оби тозашуда истифода мешавад, шинос намуданд. Маълум гардид, ки системаи коркард ва таҳлили сифати обҳои шоранда тариқи онлайн ба роҳ монда шудааст ва таҳшинҳою боқимондаҳои сахт, ки дар ин раванд ҳосил мешавад дар соҳаи кишоварзӣ барои баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо истифода бурда мешаванд.

Нимаи дуюми  рӯз иштирокчиён ба стансияи зеризаминиии омодакунӣ ва таъминот бо оби нӯшокӣ, ки барои  зиёда аз 130 ҳаз. нафар аҳолӣ  омода гардидааст аз наздик шинос гардиданд. Пеш аз ташриф ба стансияи зеризаминӣ кормандони ин ширкат оид ба фаъолият ва технгологияҳои истифодашаванда маърӯза намуданд. Дар маърӯза оид ба манбаҳои таъминоти об, равандҳои тозакунии он иттилоот дода шуд.

Дар доираи сафари корӣ, намояндагони донишгоҳҳо бо фаъолияти лабораторияҳои муосири Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия  оид ба тозакунии обҳои шоранда, истифодаи такшинҳо ва ҳосили коркарди он барои соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ҳамчунин бо раванди иҷроиши корҳои илмӣ дар ин равияҳо, шинос шуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласаҳои корӣ,  иштирокчиён фикру ақидаҳои худро оид ба  беҳтар намудани технологияҳои тозакунии обҳои шоранда ва ҳамкориҳои оянда байни донишгоҳҳо изҳор намуданд, ҳамчунин вобаста ба иҷроиши вазифаҳои Лоиҳа суханронӣ намуданд.

Дар доираи Лоиҳаи мазкур, Донишкада  имтиёзи ҳамасола фиристонидани донишҷуёни болаёқат барои гузаронидани таҷрибаомӯзии тобистона дар заминаи  Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегияро (ш. Аас)  дорад. Тамоми  хароҷотҳои сафар, таҳсил, суғурта ва дигар харҷҳо  аз тарафи муассисаи  даъваткунанда маблағгузорӣ карда мешавад. Аз соли 2012 то имрӯз 19 нафар донишҷӯёни донишкада таҷрибаомӯзии тобистонаро дар Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия гузарониданд:

  Соли 2012

  1. Иброҳимӣ Х. – донишҷӯи бахши 3, ихтисоси ҳифзи муҳандисии муҳити зист;
  2. Абдусамиев И. – донишҷӯи бахши 4, ихтисоси коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;

Соли 2013

  1. Норқўзиев Х. – донишҷўи бахши 3, ихтисоси технологияи мошинсозӣ;
  2. Муродов Ш. – донишҷӯи бахши  3,  ихтисоси  ҳифзи муҳандисии муҳити зист;

                      Соли 2014

  1. Миҷгонаи С. – донишҷӯи бахши 3, ихтисоси  ҳифзи муҳандисии муҳити зист;
  2. Ашуров А. –донишҷӯи бахши 3, ихтисоси металлургияи металлҳои ранга;

                        Соли 2015

  1. Маъмуров А. – донишҷӯи бахши 4, ихтисоси коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;

  Соли 2016  

  1. Ҳоҷибоев Д. –аспиранти бахши 2;

                      Соли 2017

  1. Субҳонқулов С.Ҳ. – донишҷӯи бахши 4, ихтисоси тоза кардани канданиҳои фоиданок;
  2. Юлдошев Х.Х. – донишҷўи бахши 3, ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои саноатӣ;

Соли 2018

  1. Пулатов А.А. – донишҷўи бахши 4, ихтисоси коркард ва истифодабари конҳои нафту газ;
  2. Мирзоев М.М. – донишҷўи бахши 4, ихтисоси геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок;
  3. Содиқова Н.Ҷ.- донишҷўи бахши 3, ихтисоси ҳифзи муҳандисии муҳити зист;
  4. Қосимов Ш.А. – донишҷўи бахши 3, ихтисоси коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;

Соли 2019

  1. Қаландаров Ҳ.К. – донишҷўи курси 2, ихтисоси технологияи мошинсозӣ;
  2. Ҷўраев И.Р. – донишҷўи курси 2, ихтисоси коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;

 

Моҳи июни соли 2022 3 нафар донишҷӯёни донишкада ба кишвари Норвегия барои гузаронидани таҷрибаомӯзии тобистона сафарбар карда шуданд ва дар давоми 21 рӯз онҳо дар курси «THT311 Идоракунии захираҳои обӣ ва технологияи коркарди он, 10 ECTS (кредит); Идоракунии захираҳои обӣ дар иқлими хунук, 5 ECTS (кредит), ки дар Донишгоҳи табиии Норвегия шурўъ гардидааст,  дар санаҳои  поён зикршуда иштирок варзида истодаанд:

  1. Мӯминшоев Ҳилолӣ – донишҷўи курси 3, ихтисоси ҳифзи муҳандисии муҳити зист; (аз санаи 12.06 то 01.07.2022с)
  2. Сатторов Саттор – донишҷўи курси 3, ихтисоси ташкили ҳамлу нақл тавассути автомобилҳои боркаш; (аз санаи 12.06 то 01.07.2022с)
  3. Ҳакимов Акмал – донишҷўи курси 4, ихтисоси таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ (аз санаи 10.06 то 18.06.2022с)

Дар давоми 21 рӯз донишҷӯён курси номбаршударо гузашта, инчунин дар лабораторияҳои муассиса корҳои таҷрибавиро вобаста ба усулҳои тоза кардани обҳои шоранда, шиносоӣ аз иншоотҳои тозакунии об ва ғ. меомӯзанд. Ба онҳо профессорони Донишгоҳҳои Норвегия ва дигар кишварҳо таълим медиҳанд.

Иштироки фаъоли Донишкада дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, ба истиснои  беҳтар гардонидани базаи моддӣ-техникии донишкадаву донишгоҳҳо, инчунин барои мустаҳкам гардонидани алоқа бо дигар донишгоҳҳо, васеъ намудани ҷаҳонбинии ҳайати профессорию омӯзгорӣ, таъмини ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаи илмӣ бо шарикон, мусоидат намуда истодааст, ки он ба комёбиҳои назарраси донишкада дар самти илм ва робитаҳои байналмилалӣ замина гузоштааст.