АҚИДАҲОИ ИФРОТИИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ НОДУРУСТ АСТ

5-январи соли 2020 дар сомонаи интернетии “Кимиёи саодат” баёнияи Вайсиддин Одинаеви ифротӣ дар эътироз ба боздошти Далер Шарифов (видео) сабт шудааст. Вайсиддин Одинаев ифротии, муқими Австрия дар назди Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар даст ба эътироз задааст, санаи 5-январ баёнияе содир кардааст. Ӯ дар баёния бо “ғайриқонунӣ” хондани боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, хостори “озодии фаврӣ ва бе чуну чарои” ин рӯзноманигори ифротӣ шудааст.

Аз ҷумла, дар шабакаи интернетӣ “Кимиёи саодат” баромади Сайидюнуси Истаравшании террорист низ чоп шудааст, ки ӯ дар баромади худ оиди фаъолияти Далер Шарифови ифротгаро сухан меронад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ кӣ аст, мақсади онҳо аз чӣ иборат аст мо инро хуб медонем. Онҳо ҷавононро аз роҳ мезананд. Мехоҳанд ҷавонон ба онҳо пайравӣ кунанд. Онҳо одамони хуб мешуданд имрӯз ватангадо намешуданд, ба номи Ватани азизамон суханҳои қабеҳро гуфта, номи ватанро сиёҳ намекарданд, дар роҳи пешравиҳои ватани азизамон камари ҳимматро баста софдилона хизмат мекарданд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ дар баромади худ дар асоси муҳофизат намудани Далер Шарифови ифротӣ ва навиштаҳои ӯ сухан ронда дар бораи бетарафӣ, инсоф гап мезанад. Мувофиқи гуфтаҳои ӯ кору фаъолияти Д.Шарифови ифротгаро дуруст аст. Оё тарғиби ифротгароӣ дуруст аст?

Наҳзатиёни палид хато мекунанд. Одамони соҳибмаълумот имрӯз мақсади онҳо аз чӣ иборат аст хуб медонанд. Имрӯз ватани мо тинҷу оором аст. Давлати мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ ва ягона мебошад. Давлатҳои тараққикарда имрӯз ана ҳамин роҳро интихоб кардааст.

Фикру ақидаҳои Сайидюнуси Истаравшанӣ ва тарафдорони онҳо тамоман ба ин принсипҳо зид мебошад.

Фикру ақидаҳои онҳо бо таълимоти созмони “Иҳвон-ул-муслимин” ҳамоҳанг мебошад. Ғояҳои “Ихвон-ул-муслимин”-ро ғояҳои ифротӣ ташкил медиҳанд.

Идеологҳои ин ташкилот инчунин консепсияи “ҷиҳод” (“ҷанги муқаддас”)-ро таҳия намуданд, ки тадриҷан ин ҳаракатро ба созмони экстремистӣ (ифротӣ) табдил дод ва ғояи ваҳдати исломӣ дар асоси ваҳдати арабӣ ва дар атрофи он ба вуҷуд овардани иттиҳоди халқҳои мусулмон ҳамчун сарчашмаи ғоявии бунёд ва таъмири хилофат барои ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ғайрисуннатии ифротгаро хизмат намуда, ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд табдил ёфт.

Созмони “Ихвон-ул-муслимин” имрӯз як созмони ниҳоят ҷанговаро-нае аст, ки тамоми амалҳои террористии худро аз номи Қуръон асоснок мекунад ва аз ҳисоби ашхоси ноогоҳу таассубгаро ва хурофотпараст сафҳои худро пурра месозад, дар ташаккули гурӯҳҳои ҳарбикунонидашуда бо мақсади амалӣ сохтани ҷиҳод нақши бориз мебозад. Он ташкилотҳои террористӣ, ки имрӯз дар Сурияю Ироқ, Афғонистон, Покистон, Либия ва ғ. арзи вуҷуд доранд, аз таълимоти идеологҳои “Ихвон-ул-муслимин” ғизои идеявӣ мегиранд. Ба хусус, гурӯҳҳои “Давлати исломӣ” аз идеяҳои ин созмон васеъ истифода кардаанд.

Дар таълимоти онҳо масъалаи таносуби ислом ва сиёсат ҷойи махсус дорад. Мувофиқи ақидаи онҳо таваҷҷуҳ ба масоили ислом бояд вазифаи ҳар як мусалмон бошад. Зеро ягон мусалмон имрӯз наметавонад, ки ҳаёти худро танҳо ба иҷрои талаботи эътиқодӣ бахшида, корҳои дунявӣ ва сиёсатро як сӯ гузорад. Ба ақидаи онҳо чунин одам мусалмон нест ва исломи ҳақиқӣ ин ҷиҳод, эътиқод ва давлат аст. Мувофиқи ақидаи онҳо таваҷҷуҳ ба масоили ислом бояд вазифаи ҳар як мусалмон бошад.

Созмони “Илвон-ул-муслимин” низоми дунявии давлатдориро ҳамчун низоми куфр шинохта, онро қабул надорад ва ба муқобили чунин низомҳо ҳамеша амалиёти террористӣ анҷом медиҳад.  

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин ақидаҳои характери ифротӣ дошта ҳамеша мубориза мебарад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо рӯ ба тараққиёт, бунёдкорӣ ва созандагӣ ниҳодааст. Аммо баъзе шахсони иғвоангез ин пешравиҳоро дидан намехоҳанд. Онҳо аз ватан дур истода мехоҳанд ҷомеаро ноором, мардумро гумроҳ намоянд. Мо онҳоро маҳкум менамоем, мехоҳем шаҳрвандони Ватани азизамон, хусусан ҷавонон ба доми фиреби онҳо наафтад.

 

Мирзоаҳмедов М

мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ