Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ташаббуси Иттифоқи касабаи донишкада зери роҳбарии Давлатов Давлатмаҳмад ба мактаб интернати рақами 40-и шаҳри Конибодом ташриф бурда, дар арафаи таҷлили соли нави милодӣ ба бошандагони мактаб- интернати мазкур маҳсулот ва маводи хӯроквориву ширавориҳо, сабзиҷоту мевагиҳо ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро раиси иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини раиси ташкилоти ибтидоии. ҳизбӣ дар донишкада Саидов Анвар, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон, декани факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ Саидов Мустафохон ва сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, эдвайзери факултети металлургия Равзалиев Аслиддин ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ёрдамҳои Иттифоқи касабаи донишкада ҳамеша дар арафаи иду айём ва ҷашнҳои расмии кишвар ба ин мактаб -интернат расонида мешавад.
Зимни аёдати бошандагони мактаб – интернати рақами 40- и шаҳри Конибодом чорабинии фарҳангӣ бо дастархони идона аз ҷониби Иттифоқи касабаи донишкада ташкил карда шуд, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ суханонронӣ намуда, ҳозиринро ба Соли нави милодӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид карда шуд, ки аёдат ва иқдоми мазкур дар партави сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда шуд ва минбаъд низ идома дода мешавад.
Шуъбаи иттилоот