(Ҷавоби дандоншикан бо такя ба иттилооти дақиқ ба падарсолори дурӯғпардозони дохилӣ ва Ҷумҳурии Чех- AKHBOR.COM-и Мирзои Салимпур)
Соати 14:59-и дақиқаи санаи 27-уми октябри соли равон, дар саҳифаи ёвасарой, обишхӯри манфиати оппозитсияи абадӣ фирорӣ-Ахбор.ком, ки мутааллиқи фарди берешаву бун-Мирзодукаки Салимпур мебошад, дурӯғи навбатӣ бо истинод ба манбаъҳои шаккок ва шубҳаангез таҳти унвони «Чор лидери Бадахшон ба Душанбе ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон рафтанд) нашр шуд.
Ахбор.сом, ки рейтингаш дар чоплусиву, пулкоркуниву хиёнат ба касбу қалам дар ҷойи аввал меистад ва машҳури дунё шудааст, ин гапи дурӯғро аз Кӣ? Кай? Аз куҷо? гирифта аст, номаълум аст. Яъне меъёри баҳогузории ин маълумоти М.Салимпур ба сирф баробар аст ва дурӯги маҳз аст. Журналисти каззоб ва беусул.
Ботилии ин иттилооти Салимпурро, ки водии Ҳисорро се даҳсолаи охир ба гарави дурӯг гирфитаст, шармсор кардааст, як ба як қотеъона рад мекунем:
- Сараввал, ин чор нафарак ба ном «лидер» нею, саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори шаҳри Хоруғ мебошанд. Ана ҳамин, термини устувор нисбат ба онҳо, яъне ГМҶ-и шаҳри Хоурғ бар пешонии ҳар яки онҳо насб шудааст. Қонунгузор ҳам масъулияти ҷиноятии онҳоро таърихи 22.10.2018с. барои таърих сабт намудааст. Инхо лидер нестанд рохбарони ГМҶ мебошанд, ки дар таърихи зикршуда, ба онҳо ОГОҲИИ РАСМӢ дар маърази ом ва дар назди қонун дар бинои Прокуратураи вилоят эълон карда шуда буд;
- Дуюм каззобиву дурӯғгуӯйи ахбор.сом дар он ифода меёбад, ки манбаъҳои иттилоотии ҳилагари он, ёфтаву бофтаҳои худро ҳақикати мутлақ пиндошта, мардумро ба гумроҳӣ мебаранд, фиреб мекунанд.
- Ҳилаи шаръии ахбор.сом дар васвасаҳои шайтонӣ ва ҳангомапардозии давомдор баён шудааст. Сарвари муаззами давлат ба ҳеч сурат мунтазири ин гурӯҳаки бо тафакури олами ҷиноӣ олуда нест, ба шаъни мубораки худ раво намебинанд, ки бо ҷинояткорон мулоқот таъин кунанд.
- Ҷинояткор-ҷинояткор аст, вақте ки 22.10.2018с. ба гуноҳи кабираи худ иқрор шуданд, чор тарафашон қибла, куҷое раванд, «марҳабо». Дар кучое набошанд, Қонун пайгири онҳост.
- 7 саркардаи ГМҶ: – Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев,Зоир Раҷабов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоев тавбаи мардона ва аҳёнан занона ҳам карданд, ки аз ҷиноят даст мекашанд ва худро дигар шарики бетартибиҳо намедонанд.
Аслам Мазабов, коршиноси масоили иҷтимоӣ,
зодаи ш.Хоруғ ва сокини ш.Бохтар