Имрӯз дар кафедраи фанҳои умумитехникӣ семинари илмӣ-назариявии навбатии худро дар синфхонаи 313 баргузор намуд.
Нахуст семинари мазкурро мудири кафедра Воҳидов А.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, баъдан сухан ба баромадкунанда д.и.т., профессор Буҳодуров Ш.Б. дода шуд.
Буҳодуров Ш.Б. оид ба мукаммалкунии узви кории марказӣ (сошник) барои шинонидани ниҳолҳои мевагии ҷавон, ки самаранокиро нисбат ба узви кории вуҷуддошта то 40 % беҳтар менамояд сухан ронданд. Аз он ҷумла зикр гардид, ки узви корӣ мукаммал карда шуда, самаранокию шинониши ниҳолҳоро беҳтар мегардонад, ки дар ин самт нахустпатенти ихтироотии №ТJ 872 гирифта шудааст.
Баъдан сухан ба унвонҷў Дўсталиев С.Т. дода шуд, ки доир ба масъалаҳои:
– сифати шинонидани ниҳолҳои мевагӣ бо органҳои кории марказии ниҳолшинонакҳо.
-омўзиш ва муайян намудани решаҳои ниҳолҳои ҷавони мевагӣ ва ток;
– муайян намудани захмдоршавии решаҳо дар вақти гузориши ниҳолҳо аз қисми болоии сипор;
– ҳисоби самаранокии ниҳолшинонаки таҷрибавӣ нисбат ба вуҷуддошта маълумот дода шуд.
Дар охир фикру мулоҳизаҳои иштирокчиёни семинар ба назар гирифта шуда, пешниҳод карда шуд, ки дар оянда аз тарафи дигар аспирантону унвонҷўён чунин семинару баромадҳо зиёд карда шавад.