АФВРО ЛАЗЗАТЕСТ ДИГАР

Ба  мақсади хотима додан ба  ҷанги дохилӣ, пеш­гирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию  ҷам­ъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳам­дигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мӯътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсоне, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минта­қаҳои мухолифати мусаллаҳона  ҷиноят ё амалҳои ғайри­қо­нунӣ содир кардаанд, ба  ҷавобгарии  ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъ­мурӣ кашида нашаванд.

  Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули қонун дар бораи гуре­загон, ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имти­ёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сох­танд, ки Ҳукумати Тоҷикистон тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани  ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалин­дараҷаи худ медонад.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи  ҷан­ги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳоки­мият, хусусан мақомоти ҳифзи тартиботи  ҷамъиятиро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститут­сиониро дар мамлакат амалӣ созад.

Ҳанӯз дар яке аз аввалин муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта буд: дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар иҷрои вазифаи худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани Артиши миллӣ; пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани ҷумҳурӣ ба  ҷомеаи  ҷаҳонӣ. Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлата­монро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, куми­таи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳ­кам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда на­ме­тавонад, аслан арзише надорад.

Муҳимтарин дастоварди таърихии Давлати Тоҷикистон, ки аз  ҷониби  ҷомеаи  ҷаҳонӣ эътироф гардид, он аст, ки вай тавонист дар кӯтоҳтарин муддат оташи  ҷанги хонумонсӯзи дохилиро дар То ҷикистон хомӯш созад. Дар кори хоти­ма бахшидан ба ҷанги дохилӣ ҷанговарони  Ҷабҳаи халқӣ, ходимони милиса, Кумитаи амнияти миллӣ хизматҳои шо­ён карданд. Дар ноҳияҳои бар асари  ҷанг тамоман харобшуда, ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идора­кунӣ ва таъмин­кунандаи ниёзи мардум таъсис ёфт ва фаъо­лия­ташро дар шароити нави сиёсию иқтисодӣ оғоз намуд. Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирон бо назардошти беҳ­будӣ бахшидан ба зиндагии аҳли  ҷомеа як силсила қарору фар­монҳо қабул кард. Авфи умумӣ, халъи силоҳ, мубориза ба муқобили  ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо хӯро­кворӣ, пеш аз ҳама орду равған, зиёд намудани маош, мустаҳ­кам шудани муносибатҳои ҷумҳурии мо бо кишварҳои хо­риҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра аз  ҷумлаи масъа­лаҳое бу­данд, ки ҳаллу фасли худро меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳал­лӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз байн рафта буданд, бар­қарор карда шуданд.

Аммо ин афвро то ҳол иддае аз даъвогарони сиёсӣ қадрёбӣ накарда, дасисаҷуӣ мекунанд, ки мо ТТЭ ҲНИ-ро ҳаргиз қабул надорем.

 

Н. Сулаймонова, мутахасиси шуъбаи сифати таълими ДКМТ