Дар доираи “Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори Донишкада озмуни атласу адрас баргузор гардид. Барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби шуъбаҳои тарбия ва ҷавонон омода карда шуд.
Камоли ифтихор аст, ки бонувони донишҷуй бо тайёрии пухта дар бар либоси идонаи атлас ба саҳна баромаданд. Навои дилошуби мусиқӣ ва барномаи марғуби консертӣ маҳфилро боз ҳам шукуҳи тоза ато менамуд.
Дар ҷамбасти озмун муовини ректор оид ба тарбия М. Саъдулоева иброз доштанд, ки беҳтарин иштирокчиёни озмун ба озмуни вилоятии атласу адрас роҳхат гирифтанд. Онҳо бо тарҳи либосҳои идона аз номи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон баромад мекунанд.
Қобили қайд аст, ки чунин тадбирҳои идона барои тарбияи завқи эстетикии донишҷуён мусоидат мекунад.
Шуъбаи иттилоотӣ