АСРОРИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНИРО ДОНИСТАН МЕХОҲЕД?

Маълумотнома

оиди ихтисосҳои марбут ба кафедраи геология ва корҳои нафту газ

         Кафедраи геология ва корҳои нафту газ аз рӯи ихтисосҳои 510101 “Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок”, 510202 “Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” ва 510201-04 “Корҳои пармакунӣ” мутахасисонро тайёр мекунанд.

         Дар кафедра барои тайёр намудани мутахасисон 1 осорхонаи минералогӣ мавҷуд буда дар он минаралҳо, ва ҷинсҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мавҷуд мебошад ва ҳар кадами онҳо ба синфҳо ҷудо карда шуда ном ва формулаҳои кимиёвии онҳо навишта шудааст. Дар кафедра инчунин синфхонаи таълимии минералогия ва петрография мавҷуд аст. Дар синфхонаи таълимӣ зиёда аз 200 минералҳо нигоҳ дошта мешавад, ки дар дарсҳои амали донишҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд.

         Ҳангоми дарсҳои амалӣ аз фанҳои кристаллография, минералогия, ва петрография барои омӯхтани донишҷӯён аз микроскопҳо истифода мебаранд. Барои омӯзиши сохтори геологӣ, ҷинсҳои кӯҳӣ ва таъсири равандҳои геологӣ ба онҳо дар қаторкӯҳҳои атрофи ш. Хуҷанд, Б. Ғафуров, Исфара ва Конибодом дарсҳои амалии саҳроӣ ва таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ аз тарафи омӯзгорони пуртаҷриба дар минтақаҳои номбаршуда гузаронида мешавад.

         Дар корхонаи воҳиди “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” филиали кафедра ташкил карда шудааст. Филиали кафедра дорои синфхона буда он бо мизу курсӣ, тахтаи синфӣ, дар рафҳои шишагин минералҳо гузошта шудааст. Минералҳоро ба синфҳо ҷудо карда ном ва формулаҳои кимиёвии онҳо навишта шудааст.

         Дар корхонаи мазкур донишҷӯён дар озмоишгоҳ дар гузаронидани ташхис ва таҳлили минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ иштирок меварзанд. Аз тарафи мутахасисони пуртаҷрибаи корхона ба донишҷӯён дар филиали кафедра машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд, ки ин алоқаи донишкадаро бо истеҳсолот мустаҳкам мегардонад. Хатмкардаҳои ихтисоси “Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок” донишкада ҳоло дар КВ “Экспедитсияи комплексии Қайроққум”, институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ КМ “Зарафшон”, КВ “Экспедитсияи геологии-иктишофии “Моғиён”, ҶММ ТА КМ “Анзоб”, корхонаи фаръи шахтаи “Фон-Яғноб”, ҶМ ТКММ “Апрелевка”, ҶММ “Ширкати кӯҳи-саноатии Тоҷикистону Хитой” фаолият мекунанд.

         Аз рӯйи ихтисоси 510202 “Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” як озмоишгоҳи нафтӣ ва газӣ мавҷуд буда дар он дарсҳои лабораторӣ гузаронида мешавад. Дар озмоишгоҳи мазкур ташхиси кимиёвии нафту газ гузаронида мешавад. Дарсҳои лабораторӣ аз фанҳои химияи нафту газ, ҷамъоварӣ ва омодасозии маҳсулотҳои чоҳҳои нафтӣ ва газӣ, асосҳои нафту газбарорӣ гузаронида мешавад. Дар корхонаи ҶСК “Суғднафтугаз” филиали кафедраи геология ва корҳои нафту газ мавҷуд мебошад, ки он бо мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ ҷиҳозонида шудааст. Донишҷӯён ҳангоми таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пешазхатмӣ дар филиали кафедра аз мутахасисони соҳавӣ сабақ мегиранд.

         Дастпарварони ихтисоси 510202 “Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” ҳоло дар корхонаҳои саноатӣ соҳавии ҶМДММ “Петролеум Суғд” ва ҶШК “Суғднафтугаз”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар корхонаҳои саноати соҳавии ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди “ИНКОМ НЕФТЬ”, “Газпром”-и Сибири ғарбии Федератсияи Русия дар вазифаҳои технологи калон, сардори сех, устои дастаи таъмири капиталии чоҳҳо, пармачӣ, ёрдамчии пармачӣ бо дипломи Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодаанд. Дастпарварони ихтисоси мазкур бо маош, бо ҷойи зист, маводҳои хурока ва сару лисоби корӣ аз тарафи корхонаҳои дар боло зикр гардида таъмин карда мешавад.

         Зиёда аз 60 нафар хатмкардагони ихтисоси “Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ”, ки дар корхонаҳои ҶСШК “ИНКОМ НЕФТЬ” кор мекунанд ҳуҷҷатгузории мутахасисон бо шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи худи корхона ба роҳ монда мешавад. Мутахасисон дар корхонаи мазкур 2 моҳ бо фаъолияти меҳнатӣ машғул мешаванд ва 1 моҳ ба онҳо рухсати меҳнатӣ пешниҳод карда мешаванд, мутахасисоне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ҳангоми сафар ба ватан 70 % маблағи роҳкиро аз тарафи корхона пардохт карда мешавад.

         Дар кафедра инчунин барои тайёр намудани мутахасисони варзида аз рӯйи ихтисоси 510201-04 “Корхои пармакунӣ” ҳамаи шароитҳо мавҷуд мебошад. Дар озмоишгоҳи кафедра барои омода намудани маҳлулҳои сементӣ, муайян намудани зиччии маҳлули сементӣ, вақти шахшудани он, маҳлулҳои гилӣ таҷҳизотҳои зарурӣ мавҷуд мебошад.

         Донишҷӯёни ихтисоси мазкур таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва пеш аз ҳатмиро дар Ҷамъияти шакли кушодаи “Суғднафтугаз” мегузаронанд. Бояд қайд намуд, ки барои гузаштани таҷрибаомӯзиҳо ва тайёр намудани мутахасисон дар корхонаи мазкур ҳамаи шароитҳо ймавҷуд мебошад.

         Дастпарварони ихтисоси мазкур дар корхонаҳои саноати соҳавии ҶШК “Суғнафтугаз”, ҶМДММ “Петролеум Суғд” Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар корхонаҳои пармакунии чоҳҳои нафту газӣ, корхонаҳои таъмири ҷорӣ ва капиталии чоҳҳо, корхонаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъдани Федератсияи Русия фаъолият менамоянд.

         Ҳоло дар кафедра 18 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илм, профессор ва 4 нафар номзадони илм дотсентон мебошанд.