АРӮСИ ХОНАМОНДА ВА ДОМОДИ ПУШАЙМОНХӮРДА

Пас аз хомӯшии мадиду аврупоӣ шудан, Кабирӣ бояд қабл аз ҳама ба спонсорҳояш нишон медод, ки ӯ “шикаст хӯрда бошад ҳам, пош нахӯрдааст”. Ҳатто худро сафед ҳам мекард: “мо дар дохил будем ва даступоямон баста буд. Акнун, ки дар хориҷаем, даступоямон кушода шуд”. 
Яъне, алё Теҳрон, ҳоло хохед дид, ки Кабирӣ ба чӣ қодир аст. Агар дирӯз Кабирӣ роҳбари муаззами як ҳизб буд, ҳоло роҳбари ягонаи тамоми оппозитсияи тоҷик хоҳад шуд.

Тоҷири сиёсӣ дахлу харҷро шабҳои дароз ҳисобу китоб мекард. Як сомонӣ маблағгузорӣ кунам, чанд сомонӣ суд меоварам?

Сохтани сайтҳо, ташкили конфронсҳо, ба роҳ андохтани чанд созмони фейкӣ, мақолаю мусоҳибаҳои пулакӣ, хӯрондану пӯшонидани муттаҳиддини нави нимурёну нимгурусна варо асабӣ мекарданд. 
Аммо ӯ дандон ба дандон мемонду даст ба ҳамён мебурд. Харҷи ҳар як евро ва доллар барояш мисли кандани як дандон дардовар буд.

Якравӣ ва гарданшахии ҳаракату гурӯҳҳои сиёсии дигар, аз ҷумла Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон, “Гурӯҳи 24”, шахсиятҳои номваре чун Ҳафиз Бобоёров ва дигарон, ки ҳеч розӣ намешуданд, ки зери чатри Кабирӣ бошанд, барояш аз дарди дандон ҳам ҷонкоҳтар буд.