Дар доираи баҳсу мунозираҳои шабакаҳои иҷтимоӣ чеҳраи аслии тӯдаи ватанфурушон пайдо мешавад, ки яке аз онҳо Равшан Темуриён мебошад, ки бо паҳн кардани ҳар гуна маводи иғвоангезанда мафкураи солими мардумро заҳролуд сохта истодааст. Аз ҷумла, дар як мусоҳибаи Равшан Темуриён бо бунгоҳи таҳлилии ислоҳ дар посух ба суоли «Ҳолати ҳуқуқии инсонро дар Тоҷикистон чаро «вазъияти хатарноки инфиҷорӣ» унвон кардед?» иҷрои як қатор шартҳоро, ки ба манфиати душманони ваҳдат нигаронида шудааст, талаб кардааст. Бо ибрози агар хоҳанд, ки пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф нашаванд террористону экстремистонро аз зиндон озод намоянд, баҳри муборизаи озоди ҳамфикрони хеш дар дохили кишвар барои ҳокимият мусоидат созанд, омодаи ҷанг буданашонро нишон додаанд. Нафрат аз он меояд, ки вай аз номи Анҷумани озодандешони тоҷик садо баланд менамояд.
Ин кадом анҷумани озодандешон аст, ки иғвои навбатӣ барангехта аз маҳдудияти озодӣ ҳарф мезанад?
Дар такя ба манобеи шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки тудаи ватанфурушон дар кишвари дигар маскан гузида ба лаҳни тунд нисбат ба Ватани худ ҳарф мезананд. Чунин ҳарфҳои сард воқеан ҳам боиси нафрати меҳнаткашон мегардад.
Имруз бояд анҷумани илму маҳфилҳои илмӣ бояд гарму ҷушон аз пешрафти илму техника ҳарф занад на ақидаҳои иртиҷоӣ нисбат ба Ватани худ.
Мухтор Эгамов,
декани факултети электромеханикаи ДКМТ