АНДЕШАЕ ДАР БОРАИ МИЛЛАТ

Мо дар замони норомиҳо, таҳдиду хатарҳо зиндагӣ дорем. Дар зиёда аз 100 кишварҳои рӯи Замин ҷангу ҷанҷол ва амалиётҳои фаъоли террористӣ идома дорад. Сарчашмаи ҳамаи ин бетартибиҳо идеологияи ифротгароён, яъне ҷудоихоҳон мебошад, ки дар байни мардум ва алалхусус ҷавонон бо ҳар роҳ ҷудоӣ ва низоъ меангезанд.

Яке аз ақидаи нодурусти ифротгароён ин эътироф накардани худи миллат ва масоили миллӣ, эътироф накардани забони миллӣ ва истифодаи забони арабӣ дар муошират мебошад. Мисоли инро мо дар фаъолияти наҳзатиён бараъло мушоҳида менамоем, ки ҳар рӯз тариқи расонаҳои ифротияшон миллатро таҳқир мекунанд ва обрӯи миллатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонанд.  Ба андешаи ин гурӯҳҳои раҳгумзада гӯё тақсим кардани олам ба миллатҳо кори душманони Ислом асту, дар таркиби дини ислом мафҳуми миллат мавҷуд намебошад, яъне мардумони олам ба миллатҳо қисмат намешаванд ва ҳама як миллат, аҳли умма ба шумор мераванд.

Пас таърифи миллат чист? Миллат аз забони арабӣ гирифта шуда, маънои аслиаш  уммат, қабила, халқ мебошад. Миллат шакли олии умумияти таърихию этникии одамон аст, ки дар асоси умумияти ҳаёти иқтисодӣ, умумияти забонмасоҳат, хусусиятҳои ҳаёти маданӣ, шуур ва психология ташаккул меёбад.

Яъне миллат ин одамони дар масоҳати муайян зиндагикунанда мебошанд, ки ҳаёти иқтисодии умумӣ мебаранд, забони ягонаи умумӣ доранд, маданият, шуур ва психологияи умумӣ доранд. Аз чунин нишонаҳояш хусусияти ҳар як миллатро ҷудо мекунанд.

Фаҳмиши одамон дар бораи арзишҳои муҳими инсонӣ ба монанди ахлоқ, одоб, маданият, санъат, дӯстӣ, рафоқат, ватандӯстӣ дар доираи миллат ташаккул меёбад.

Баъди ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ робитаҳои миллати тоҷик бо аҳли ҷаҳон, шиносоӣ ва бархурдории вай аз арзишҳои умумибашарӣ афзуда, худшиносии миллӣ бо равандҳои ҷаҳони имрӯза даромехта шудааст. Аз як тараф робитаҳои ҷаҳонӣ ба худшиносии миллӣ мусоидат мекунад ва аз тарафи дигар баъзе шаҳрвандони мо, ки таҳкурсии мустаҳками ғояҳои миллӣ, идеологӣ надоранд, фирефтаи идеологҳои ифротгар мешаванд.

Ақидаи мардуми Олам ба миллатҳо ҷудо намешаванд ва ҳама як миллат, аҳли умма мебошанд ин як фикри одами ғаразнок аст, ки бо ин гуфтаҳо дар байни мусалмонон ҷудоӣ меандозад. Худатон қазоват кунед, шахсе ки миллати хеш, забони хешро намедонад, ҳеҷ вақт ба қадру қимати дигар миллат ё забон намерасад. Тасаввур кунед, ки Шумо дар бораи бузургони миллатамон Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Маҳастӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Убайди Зоконӣ, Низомии Ганҷавӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Лоиқ Шералӣ ва садҳои дигар чизеро намедонед, аз ному ашъорашон фахр намекунед.

Ба онҳо шахсе лозим аст, ки дар бораи миллат, забон, фарҳанги халқи худ чизеро намедонад, ба ҳар гуфтаи онҳо розӣ мешавад, ба иҷрои ҳар гуна корҳои нангин равона кунад, бе дудилагӣ амалӣ мегардонад. Магар аз дасти чунин гумроҳон китобҳои зиёде дар Сурия, Ироқ, Афғонистон сӯзонда нашуданд, осорҳои таърихӣ валангор нашуданд, ҳазорҳо занҳо, кӯдакони бегуноҳ, мӯйсафедон кушта нашуданд. Мақсади ниҳоии идеологияи миллаткуш ба оташи ҷангу ҷанҷол кашидани тамоми бошандагони кураи Замин мебошад. Алҳазар аз ин гуна мақсаду ниятҳои аҳриманона.

Мо бояд шукр кунем, ки соҳиби фарҳанги бои чунин миллат ҳастем, ки дар тамоми дунё эътироф шудааст, забони ширини тоҷикӣ дорем, ки ба шарофати донистани он мо дигар забонҳоро ба осонӣ аз худ мекунем. Боре, дар вохӯрии устод Лоиқ Шералӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ӯ савол доданд, ки шеърҳои устод ба забонҳои дигар тарҷума шуда истодааст, фикри Шумо дар ин хусус чӣ гуна аст. Устод ҷавоб медиҳанд, ки ин хуб аст, лекин аз ҷиҳати мазмун монанди фарқи байни бӯсаи оддӣ ва бӯса аз паси шишаи тиреза аст. Аз ин ҷиҳат, ягон тарҷумаи ашъори бузургони сухан ба аслиаш баробар шуда наметавонад. Ҳамин тавр бошад, ҳам аҳли зиёиёни олам аз манбаи бой ва нотакрори эҷодкорони мо бо воситаи тарҷума шинос шуда, баҳои арзанда додаанд.

 

АДАБИЁТ

1.Эмомалӣ Раҳмон, Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо // рӯзномаи Ҷумҳурият, http://jumhuriyat.tj санаи муроҷиат 18.12.2019

2.Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода “Дин ва арзишҳои миллӣ” // Ҳақиқати Суғд, 14.02.2019

3.Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. Андешаи миллӣ, фарҳанги динӣ ва ваҳдати инсонӣ // Сомонаи расмии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Ҷӯраева Х.Ю.,

Ҳаитова Ф.Ш.