АМНИЯТИ ҶОМЕАРО НООРОМ КАРДАНИ НАҲЗАТИЁНИ ХОИН ҶИНОЯТ АСТ!

Дар ҷаҳон ба ҷуз аз масоили иҷтимоӣ боз масоили амниятӣ низ ҳаст, ки ба бехатарии ҷомеа ва сулҳу осоиштагиву амонии зиндагии мардум вобастагӣ дорад. Кафили осудагиву осоиштагии мардум, фароҳамоварандаи шароит  барои паймудани роҳи мустақим ва расидан ба ҳадафҳои оянда  ин амният мебошад. Дар ҳоли набудани амнияти комил миллат наметавонад, ба роҳи мустақим ва дилхошаш гомҳои устувор гузорад. Зеро зиндагӣ бо таҳдиду хатарҳо зиндагӣ нест ва фақат вуҷуд доштан асту халос. Мисоли равшани инро мо дар кишвари ҳамсоя Афғонистон бахубӣ мушоҳида намуда метавонем, чандин даҳсолаҳост, ки дар Афғонистон ҷанг байни гурӯҳҳои террористӣ ва иртиҷоӣ рафтаистодаасту давлат дар ин миён наметавонад амният ва бехатарии ҷомеаро таъмин созад, ки дар ин моваро бештар шаҳрвандон, сокинон зарар мебинанд ва зиндагӣ дар чунин шароит даҳшат мебошад. Айнан ҳамин шароит ва ҳамин гуна бенизомиву бепаноҳиро гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва зархарид, Созмони террористӣ-экстремистии собиқ  Ҳизби наҳзати ислом  дар солҳои 90-ум бар сари миллати тоҷик оварда буд.  Наҳзатиёни зархарид ва террорист ба хотири аз байн бурдани давлати тоҷикон ва ба нестӣ расонидани арзишҳои ҷомеа ҳар бадиву номардӣ ва ҳар ҷинояте мехостанд бар сари миллати тоҷик раво медиданд, то давлати нав ба истиқлолрасидаи моро аз байн баранд.

Ҳамакунун ин наҳзатиёни зархарид ва террорист ба хотири аз байн бурдани амнияти шаҳрвандон ва оромии ҷомеа ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил намуданд, ки дар натиҷа хисороти зиёде ба кишвар ва миллат расиду дар аввали соҳибистиқлоли тоҷик натавонист нафаси озод бикашад ва ҳатто баъзе меросро ҳам соҳиб шавад. Душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни бевиҷдон ҳар фармону амри хоҷагони хориҷияшонро амалӣ гардониданду оқибат кишварро ба майдони ҷанги хонумонсӯз табдил доданд ва аз ҳама муҳимтар амният ва осудагиву осоиштагиро аз байн бурданд, агиқтараш дасти миллатро то андозае кӯтоҳ намуданд, ки ин хиёнати бузург ва номардиву хоинии наҳзатиёнро дар ҳазорсолаҳо ва садҳазорсолаҳо миллат нахоҳад бахшид. Он чӣ дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” перомуни номардиву хоинӣ ва авбошии наҳзатиён гуфта шуд, ҳақиқатест бебаҳс. Зеро он хиёнат ва он душмание, ки наҳзатиёни хоин ва террористу зархарид  бар  миллати тоҷик раво дида буданд, ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд. Ҳаргиз тоҷик фаромӯш намекунад, ки душманонаш наҳзатиён чӣ тавр даҳшатро ба сараш оварда буданду чӣ тавр аз хонааш берун карда буданд. Ҳаргиз тоҷик фаромӯш намесозад, ки чӣ тавр наҳзатиёни хунхор ва золим ҷавонмардонро ноодилона ба қатл расонида буданд.

Ин ҳама дар хотираи миллат то дер боқӣ хоҳад монд ва ин доғе, ки наҳзатиёни хоин ва террорист бар дили миллат боқӣ гузоштанд, ҳаргиз шуста намешавад ва наҳзатиён дигар аз ҷавобгарӣ озод ҳам шуда наметавонанд.

Имрӯз аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хориҷ аз кишвар фирор намуданд, аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод бошанду ҳар номаъқулие, ки мехоҳанд анҷом медиҳанд. Ин гнуа нест, имрӯз дигар ҷавонмардони миллати тоҷик ниёз ба кадом пулису мақомоти байналмилалӣ надоранд ва худашон ҳатман ҳисобро баробар хоҳанд намуд, зеро нест намудани хоин ва хиёнаткори наҳзатӣ аз фазилатҳои мардонагӣ ва ватандӯстӣ мебошад.

Ягон хоин ва бадкешу душмани миллати тоҷик дигар беҷавоб нахоҳад монд ва дар назди миллат ҳатман посух хоҳад дод. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ зиёда аз 160 000 шаҳрванди бегуноҳи кишварро ба қатл расониданд ва зиёда аз як миллион нафарро гуреза сохтанд, ки ин гуноҳи бузурги душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни хоин ва хиёнаткор бахшида нахоҳад шуд.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ