АМАЛҲОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ЭКСТРЕМИСТӢ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ХИЛОФИ ҚОНУНИ БАШАРИЯТ

Дар охири қарни XX ва ибтидои садаи XXI ҷаҳони имрўза ба хатари ҷиддии барҳамзанандаи оромии ҷомеъа, мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Албатта, онҳое, ки мегӯянд экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гуруҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротӣ истифода мекарданд ва ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Дар ҷараёни майдоннишиниҳо, ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори Парлумон, сӯиқасд ба ҷони кормандони боломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасби биноҳои ҳукуматӣ ва амсоли инҳо як амри муқаррарӣ шуда буд.

Солҳои навадӯми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон даврони мубориза бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ миқдори зиёди фарзандони миллат ҷони худро аз даст доданд.

Дар оғози давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз ҳизби сиёсӣ – ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъсис ёфт. Мақсад ва ҳадафи ин ҳизб аз санаи таъсисёби соҳиб шудан ба ҳокимият буд. Азоёни ин ҳизб мехостанд бо роҳи куштору хунрези ба мақсадҳои нопоки худ расанд. Дар оғоз амалу ҳаракатҳои онҳо аз амалҳои терористии асри ХХI ягон тафовуте надошт. Ба ин нигоҳ накарда Ҳукумати ҷавони  Тоҷикистон доимо кушиш мекард бо роҳи мусолиҳаи сулҳу дўсти даъват карда бошад, вале аъзоёни ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон манфиати худро аз манфиати Ватан боло дониста доимо вазъиятро ноором месохтанд. 

Дар матбуот ва масҷидҳо баромад намуда аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсиони ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Бояд гуфт, ки дини Исломи пайравонашро ба сулҳу ваҳдат, ватандусти, дустиву рафоқат даъват менамояд.   Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ягон робитае ба дини Ислом надошт, баракс ҳамаи корҳояшон муқобили китоби муқаддаси дини Ислом ”Қур’он” буд.

Мардумро бо роҳи фиреб ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аъзо мекарданд. Дар интихоботҳо мегуфтанд: «номи Исломро хат назанед кофир хоҳед шуд». Аз ин маълум мегардад, ки мақсади онҳо якто – сарнагун кардани ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба даст даровардани ҳокимият буд.

Боиси хушнудист, ки мақсади мароми нопоки ҳизби наҳати Исломии Тоҷикистон ба зуди ошкор гардид. Хушбахтона бо кордониву фаъолияти шабонарўзии кормандони ҳифзи ҳуқуқпаҳлуҳои нав ба нави ҷиноятҳои вазнини ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ошкор гардида истодааст.

Хушбахтона 29 –уми сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонаризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгарои эътироф намуда фаъолияташ дар тамоми қаламрави кишварамон барҳам дода шуд.   

Аз рўи хабари сарчашмаҳо ТЭТ ҲНИТ вақтҳои охир аз таҷрибаи маккоронаи ДИИШ эҳтиёткорона истифода бурда, усулҳои махфии наверо ба манфиати наҳзат ва масъулинаш барои ҷалби ҷавонон ба ҳалқаи худ мавриди истифода қарор додааст.Масъулини ҲНИТ дар ин давра барои худро дар назди хоҷагонаш сафед кардан аз ҳеҷ кор даст намекашанд.

Бо пеш рафтани техникаву технологияҳои муосир ва ҷаҳонишавӣ пешгири кардани роҳи ақидаҳои ифротӣ ва тундгарои душвор шудаааст.

Наҳзатиҳо бо истифода аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии интернети бо паҳн намудани ғояҳои ифротгароёна ва зидди ҳокимияти қонунии худ инсонҳои сусирода ва бесаводро ҷониби худ мекашанд.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ҳадафи асосии ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Муборизаро бояд ба умқи масъала равона сохт. Тафакури насли наврасро бедор карда, ҷаҳонбинии динӣ ва дунявии ўро фаррох бояд кард, ки ҳадафи гурўҳҳои ифротӣ нагарданд.

Ҳар як фард ва шахсиятро зарур аст, ки худро нисбати ин амалҳои номатлуб бетараф нагирифта, нагузорем, ки ҷавонони диёр фирефтаи чунин гурўҳҳои номатлуб гарданд. Ҳамчунин дастуру супоришҳои асосгузори сулҳу ваҳдати милли, пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри пойдор нигоҳ доштани якпорчагии давлати соҳибистиқлоламон талош варзем.

Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард.

Ассистенти кафедраи

 сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ

Бойматов Д.Э.