Экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср рӯз то рӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда истодааст, ки хатари калон барои тамоми сайёра дорад ва метавонад ба сари мардуми сайёраи мо бадбахтиҳои зиёде орад. Ҳизбу ташкилотҳои ифротгаро дар ҳама ҷо аз номи дини мубини ислом баромад карда, бо амалҳои нангини худ номи поки исломро доғдор месозанд. ДИИШ ҳам аз ин истисно нест. Силсилатаркишҳои шаҳри Парижи Фаронса, ки боиси марги садҳо одамони бегуноҳ гардид, гаравгонгирӣ дар меҳмонхонаи пойтахти Мали – шаҳри Бомако ва таркиши ҳавопаймои мусофирбари Россия, ки боиси марги 224 нафар гардид, аз амалҳои нангини террористони ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд, ки бо ин амалаҳояшон бори дигар номи поки исломро доғдор гардониданд. Охир, дини ислом ҳамеша зидди зӯроварӣ, куштор, қатлу ғорат ҳасту мардумро ба адлу инсоф, меҳру шафқат ва дигар арзишҳои волои инсонӣ даъват мекунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳоло ҳам ҳастанд ҷавонони гумроҳе, ки дар зери ташвиқоти хоҷагони бегона монда ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро шомил мешаванд ва дар ҷангҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳо иштирок мекунанд, ки боиси таассуф аст. Аз ин рӯ, ба ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ва ватандӯсту меҳанпараст лозим аст, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри фош намудан ва пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳмгузор бошанд. Пеш аз ҳама, дар ин кор саҳми падару модарон бояд назаррас бошад. Агар падару модар доимо аз аҳволи фарзанди хеш бохабар бошаду ӯро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва дигар арзишҳои волои миллӣ тарбия намоянд, чунин фарзанд ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад.
Мухтор Мирзоаҳмадов, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии
Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология