Дар кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ дарси кушод гузаронида шуд. Дарси кушодро ассистенти кафедра Бойматов Д.Э. дар гурӯҳи 510201 – 01 бахши 3 – юми факултети корҳои кӯҳӣ гузаронид. Дар дарси кушод мутахассиси пешбари раёсати таълим, муовини декан оид ба илми факултети корҳои кӯҳӣ ва устодони кафедра иштирок намуданд. Мавзӯъи дарс “Асбобҳои ченкунандаи кунҷи ва хаттӣ” бо усули фаъоли таълим гузаронида шуд.
Ассистенти кафедра Бойматов Д.Э. омӯзгори ҷавон буда, фаъолияти меҳнатии омӯзгорияш – 5 солро дар бар мегирад, ки маҳорати баланди гузаронидани машғулиятҳои амалиро дорад ва диққати донишҷӯёнро ба дарс ҷалб карда метавонад. Донишҷӯён дар дарс фаъол буда, устод мавзӯъи навро бо истифода аз проектор, слайдҳо ва асбобҳои муосири геодезӣ ва маркшейдерии дар корҳои ченкунии кунҷӣ ва хаттӣ истифодашавандаи ба мавзўъ мутобиқбуда баён намуд. Омӯзгор саравал мақсад ва ҳадафҳои ченкунии кунҷи ва хаттиро баён намуда, пас аз он асбобҳои муосири дар ин корҳо истифодашавандаро муарифи намуд.
Усулҳои ба ҳолати кори овардан ва ченкуниҳои кунҷи ва хаттиро тавассути асбобҳои муосири оптикии дар кафедра мавҷудбуда нишон дод. Пас аз он донишҷӯён бо назорати омӯзгор аввало самти шимолро тавассути буссоли ба теодолит насбкардашуда муайян намудан ва бо воситаи теодолит кунҷҳои аудиторияро андозагири намуданд.
Қисми ташкилии дарс хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Алоқаи назария бо амалия ва вобаста кардани мавзӯи дарс бо самти ихтисос низ мушоҳида карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, инчуни амалан иҷро намудани корҳои саҳрои оид ба мавзӯи болозикр буда, онҳоро водор менамояд, ки баҳри омӯзиши асбобҳои муосири оптикирии таълимро аз худ намояд. Дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ н.и.п. Юсупов С.М. иттилоъ дод.