АЗ ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НУР МЕБОРАД ДАР СУҒД

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қаор доранд, ки ин барои сокинони минтақа як бахти бузург мебошад. Зеро зимни ҳар як сафару боздид дар шаҳру навоҳии минтақа имкониятҳои иҷтимоӣ беҳтар гардонида мешаваду корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд, биноҳои наву замонавӣ бунёд карда мешаванд, ки ин барои сокинон боз ҳам имкониятҳоро афзунтар ва шароитро муҳайё месозад.

На дар ҳар кишвари ҷаҳон чунин сурат мегирад, ки Роҳбари давлат аз наздик ҳамасола аз ҳолу аҳволи сокинони кишвар пурсон шавад. Ин ба бахти миллати тоҷик аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамасола ба назди ин мардум омада аз ҳолу аҳвол ва шароити зисту зиндагонии ҷомеа огоҳ мешаванд. Ва ҳамин аст, ки ин шабу рӯзҳо зиндагии мардум беҳтар гардида, шароит барои зист хеле муҳайё гардидааст.

Сафари навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин навбат ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид, ки Роҳбари давлат нахуст дар ин мавзеи мавзеи Саратоғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Флюорит”-ро ба истифода доданд, ки боз барои чандин нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар як сафари Роҳбари муаззами давлат барои ҷомеа як навгонӣ ва як паёми нек медиҳаду ҳатман камбудҳо рафъ ва шароитҳо аз мавҷуда боз беҳтар гардонида мешавад.

Сипас Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд, ки дар ин минтақа низ чандин иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуданд, ки барои аҳолии ин шаҳр хеле муҳим мебошад. Ҷомеаи меҳнатии шаҳри Панҷакент аз ба истифода додани як чанд корхонаву иншоотҳои таъиноташ гуногун хеле шоду масрур гардида, ба Президенти кишвар миннатдории хешро иброз доштанд, ки ин як таърихи алоҳида дар зиндагиномаи аҳолии минтақа мебошад.

Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ низ ташриф бурданд, ки ин тафсилоташ як мақолаи алоҳида мехоҳад. Зеро дар ин ноҳия чандин иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд, ки аз ин мардум хеле рӯҳбаланд гардиданд ва ҳатто гуфтан мумкин аст, ки Мастчоҳ комилан дигар шуд. Боз расидани қадами мубораки Роҳбари муаззами давлат ноҳияи Мастчоҳ тағйир ёфт ва ба худ симои нав ва замонавӣ касб намуд..

Умуман дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки Пешвои муаззами миллат аз он дидан намуданд, хеле тағйиротҳои куллӣ ба назар мерасад, ки инро метавон гуфт як сафҳаи нави созандагиву ободкорӣ.

Беҳуда нест, ки мегӯянд,  имрӯз дар вилояти Суғд нур меборад ва ҳақиқатан ҳам ин нур аз файзи қудуми Пешвост.

Давлатов Д.

омӯзгори ДКМТ