АЗ ҒАЛАТИ НАҲЗАТИҲО ТО ИСЁНКОРИИ НАВБАТӢ

Таъмини амният ва оромиву осудаги миёни мардумони кишвар дар мадди аввали таваҷҷӯҳи Пешвои миллат қарор дорад. Ин аст, ки дар баробари дигар масоили ба ин муаммо вобаста аз рафти фаъолияти кормандони мақомтҳои дахлдор натиҷгирӣ карда шуд, ки имрӯз сифати кор ва натиҷаи ба даст омада, ҳукумати кишварро маҷбур сохтааст, то ба хотири рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои пешгирикунандаро биандешад.

Чорабинии тарҳрезикадаи наҳзатиҳо, яъне гирдиҳамоии онҳо ва пайравони онҳо, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ) бо дархости ин гирдиҳамоӣ аз мақомоти Тоҷикистон, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав” ва вафири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абад ба зиндон маҳкум шудаанд, амалӣ созад, яъне озод намояд. Ин таҳдиди рӯи рост ва зиддидавлатии наҳзатиҳост, ки агар фавран озод накунем, гирдиҳамои ташкил мекардаанд. Мо мардуми кӯчаку бесавод ва тарсончак ҳам нестем. Гирдиҳамоӣ мекунед, оташи ошӯб ё исёнро бармеангезед ин кори шумо наҳзатиҳост.

 

         Аммо инҳо на гирдиҳамоишгарон, балки саркардагони ошӯби зиндонанд. Ҳадафи ин исён, ки дар нимароҳ монд, ҳоло дар Берлин чунин як ошӯберо таъсис доданианд. Кабирӣ, наҳзатиҳо ва Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ) то ба дараҷае аҳдофатон нопоку пур аз ғараз аст, ки зӯру тавони хешро дар тӯда намудани мардум гузаронида, ба исёну ошӯб даст мезанед.

Муаммои табъу нашри кушташудагони зиндони 3/3 шаҳри Хуҷанд бе гуфтаи наҳзатиҳо низ шарҳ дода шуда истодааст. Аммо ин на ба хотире, ки шумо нохалафон мехоҳед, ин натиҷаи таҳқиқу тадқиқоти коммисия аст. Ва ҳоло боз равшантару возеҳар хоҳад шуд, ки дасти кадоме аз ин наҳзатиҳои беимон дар ин ошӯб ниҳон аст.

Зндониёни сиёсӣ гуфта, киро ба озодӣ баовардан мехоҳед. Онеро, ки ватандӯст нашуду маҳалдуст. Ё худ онеро, ки мардуфиребӣ карда, ҷавонони миллатро ба ташкилотҳои терористиву экстремистӣ тарғиб кард, дар дохили кишвар нақшҳои нопоки худро бар зидди давлату Ҳукумат нияти амали кардан дошт, то амнияти мардум аз байн равад. Ба фикрам асли ин матлаб дар он аст, ки дифоъгари онҳо боз ба хотири амали намудани кадом як нақшаи муғризонаи терористҳо лозим омадааст, ки ба хотир овардаанд. Ва аз «дилсӯзии беандоза», барои ин «сарсупурдаҳои кишвар» гирдиҳамоиро дар Олмон ташкил кардаанд. Ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ) гуфтаниам, ки магар Шумо аз ҳамин терористону манфиаҷӯён дифоъ мекунед. Куҷост рисолати шаҳрвандию ватандӯстии шумо, ки ҷонибдори ин ошӯби наҳзатиҳо гардидаед. Ё кумитаро низ наҳзатиҳо бо пули пучи хоҷагонаш харидааст. Вагарна амнияти миллат ва мардумони Тоҷикистон барои сарвари давлат ва Ҳукумат аз ҳама авлотар аст. Он зиндониёни сиёсие, ки аз онҳо ҳимоят мекунед, замоне кишвари моро ба миллати ҷангзада табдил додани буданд. Мардумро ба таҳлука оварда вазъи сулҳу ваҳдати миллиро муташанниҷ кардани шуданд. Пас дар зиндон будани онҳо кафолати амнияти миллии мардумони Тоҷикистон аст.

 

Мавлуда Аминҷонова, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи забонҳои ДКМТ