АЗ ЯК ЖУРНАЛИСТИ “ОЗОДӢ” МЕТАВОН 100 ТЕРРОРИСТ СОХТ

Ҳарчанд замона дигар мешавад ва тағйиротҳои куллӣ дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, аммо ҳастанд шахсоне, ки бо ҳамон ниҳоди баду сиришти сиёҳ ва дил пур аз кинаву адоват ба ҷомеа менигаранд ва ҳамеша чашми хиёнат ба ҷониби ҷомеа медавонанд. Мо, ин тоифа афродро метавонем, озодона дар мисоли ТТЭ ҲНИ ва кормандони радиои “Озодӣ” мушоҳида намоем. Зеро ҳарду ҳамин ниҳод феълан дар ҷомеа як вазифаро иҷро кардаистодаанд, тарғибу ташвиқи ифротгароӣ ва терроризм, ки бисёр ҳам дар ҷомеаи демократӣ хатарнок аст.

Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНи бо датсгирии хоҷагони хориҷияшон ва сармоягузоронашон дар кишварҳои Аврупо ҷой гирифтаанд ва аз ҳамон ҷо ба ҷониби миллати тоҷик сангандозӣ мекунанд ва миллатро фиреб медиҳанд.

Дар мисоли ТТЭ ҲНИ мо ҳамин қадар гуфта метавонем, ки дар кишвар солҳои 90-уми асри гузашта фитнанадозӣ кард ва ҷанги шаҳрвандиро ташкил кард, ки аз ин хисороти зиёде ба сокинони ҷумҳурӣ расид. Дуюмбора соли 2015 талош намуд, ки бо истифода аз генерал Назарзода аз дастпарварони ТТЭ ҲНИ табаддулотро дар кишвар гузаронад ва хушбахтона, ки муваффақ нашуд.

Пас аз ин ин фитнагарон ва бадкешони наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирии палиду манфур ба хориҷ фирор карданд ва аз ҳамон ҷо имрӯз кӯшиш мекунанд, ки ба миллати тоҷик хиёнат кунанд.

Радиои “Озодӣ” аз замони таъсисаш то ба имрӯз барои фитнаандозӣ ва иғвобарангезӣ миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ шуҳрат дорад ва дар аксари кишварҳо баста шудааст. Лек аз чӣ бошад, ки то кунун дар кишвари мо фаъолият дорад.

Кормандони ин ниҳоди ба ном хабарӣ ва дар асл сандуқчаи иғвобарагез талош мекунанд, ки бо гузоришу хабарҳои бардурӯғ ва иғвобарангез миёни ҷомеа фитанадозӣ кунанд ва мардумро фирефта созанд. Ё ба ибораи дигар гумроҳ намуда, сарсону саргардон намоянд.

Ҳоло роҳбарии бахши тоҷикии ин радио дар хидмати наҳзатиён қарор гирифтааст ва ҳоло бо машаварати ҳамин тоифаи бадкеш фаъолияташро ба роҳ мондааст, ки ин пеш аз ҳама хиёнат ба журналистика мебошад.

Журналистика пешаи пурифтихор аст ва ҳоло ин пеша дар назди кормандони радиои Озодӣ ба як манбаи пулкоркунӣ ва гумроҳсозии ҷомеа табдил ёфтааст.

Магар рисолати журналист ҳамин аст, ки ҷомеаро ба гумроҳӣ барад???

Оё рисолати журналист хидмати софдилонаву беғараз ба ҷомеа нест???

Оё вазифаи журналист фаҳмонидани мақсадҳои нопоки террористон ба ҷомеа нест ???

Ё журналист бояд терроризму экстремизмро тарғиб кунад??? Ва ё ин миссияи радиои “Озодӣ” дар Осиёи Марказист???

Ин суолест, ки мехоҳем аз роҳбарияти радиои “Озодӣ” бипурсем ва ин ҷо мехоҳем дақиқ созем, ки чаро радиои “Озодӣ” махсус бо ТТЭ ҲНи, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ карда шудааст, ҳамкорӣ мекунад???

Оё кормандони радиои “Озодӣ” аз ТТЭ ҲНИ маош мегиранд???

Бузурге гуфта буд, ки аз як журналист 10 вазир сохта мешаваду аз 10 вазир як журналист не!. Аммо аз ҳамин мақол истифода карда, имрӯз мо гуфта метавонем, ки аз як корманди радиои “Озодӣ” сад хиёнаткору террорист сохтан мумкин аст ва ин дар мисоли ҳамкории ба ном журналистони “Озодӣ” бо ТТЭ ҲНИ бараъло ошкор шуд.

Хулосаи гап ин аст, ки ҳамаи журналистони радиои “Озоди”-ро метавон резахӯрони хони роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии палиду разил номид ва ин рафторашонро ҳам доғе бар журналистикаи аср унвон кард.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ