Пас аз соҳибистиқлол гардидан Тоҷикистони азиз ба кишвари пешрафтаву обод табдил ёфт. Созандагиву ободонӣ дар кишвар бо маром идома дорад. Дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бинову иншоотҳо, роҳҳову нақбҳо бунёд гардидаистодаанд, ки ин ҳам албатта нишон аз рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҷараёни созандагӣ ва ободонӣ гувоҳ аз он аст, ки имрӯз дар кишвар фазои сулҳу субот ҳукмфармо буда, мо аз неъмати бебаҳо лаззат мебарем. Далели дигар ин дар чанд соли охир ба таври комил рушд намудани тамоми соҳаҳои хоҷагиву маданӣ мебошад. Аллакай нишондиҳандаҳои назаррасро мо дидаистодаем, ки ин худ барои мо қонеъкунанда мебошад.
Вале ҳамаи ҳаминро ба инобат нагирифта як гурӯҳ авбошҳои хоин, дузду роҳзанҳои беномус худро мухолиф эълон намуда аз пайи бадном кардани Тоҷикистони азиз ҳастанд. Аз ҷумла аъзоёни ташкилоти дар кишвар мамнӯи ТЭТ ҲНИ низ имрӯзҳо даъво пеш меоранд, ки онҳо бегуноҳ ҳастанд ва ба ҳамин баҳона худро ба дари ҷаласаҳои САҲА задаанд.
Инҳо на ватану миллат ва на ақли солиму виҷдон доранд. Ин тоифа бо роҳбарии як фиребгару хоини бузургашон дар ҷаласаҳои САҲА баромад намуда, худро инсон ҳисобидаанд, ки асло имкон надорад. Ҳарчанд ин муздурони гумроҳ дар Аврупо зиндагӣ мекунанд, аммо то ҳол маданияту одобро наомӯхтаанд.
Инҳоро фақат барои истифода бурдан давлатҳои абарқудрат дар он ҷо нигоҳ медоранд. Ва мақсадашон ҳам яктост, рӯзе ҳамчун қувваи нави террористӣ баровардан.
Ҳамин ҳоло ТЭТ ҲНИ-ро як шабакаи террористии нав донистан дуруст аст ва мо хоҳем нахоҳем ин масъала аллакай ҳалли худро меёбад ва онҳо амалҳои террористияшонро анҷом медиҳанд.
Ба ҳамин хотир аз хоинон бояд ҳазар кард.
Норбобоева Гулмира
омӯзгори ДКМТ