АЗ ПАЛИДОН БОЯД ҲАЗАР КАРД

Ҳамон гуна, ки ба мо маълум аст, нияти аслии абарқудратҳо ба даст овардани сарватҳои табиӣ мебошад ва барои ин онҳо омодаанд, ки садҳо ҳазор инсонро несту нобуд кунанд. Инро мо дар мисоли Афғонистон ва дигар кишварҳо дида истодаем. Чуноне, ки ба ҳама аён аст ТЭТ ҲНИ ҳам яке аз решаҳо ва ё худ ячейкаи ДОИШ аст, ки баҳри пиёда сохтани аҳдофи хоҷагони худ кор мебарад.  Ин тоифа аз бемаърифативу камдонишии ҷавонон дар бахши дин истифода намуда, бо ҳар роҳу воситае, ки бошад мехоҳанд, майнаи ҷавононро бо ақидаву афкори касифашон пур намоянд, ки дар оянда барояшон хеле муфид аст. Мисле, ки имрӯз ҳам ин корҳоро анҷом дода, садҳо нафарро роҳбари ТЭТ ҲНИ гумроҳ сохтааст ва аз ин тоифаи гумроҳ ба манфиати худу хоҷагонаш истифода менамод. Ин беномус ва хоин намедонад, ки бо амалҳои зишт ва номатлубаш ҳазорҳо нафарро сарсону саргардон кардааст ва боз ором нагирифта мардумро гумроҳ карданист.  Друст аст, ки ин палид бо тоифаи хоинону палидони дигар мехоҳанд бар оромиву осудагии мардум халал ворид созанд ва аз ин кор баҳри хоҷагони палидаш ҳисобот диҳад. Мақсади аслии ин нобакорон коштани тухми низоъ ва кинаву адоват миёни мардум аст. Ва ин нобакорон бештару беҳтар аз номи Ислом истифода менамоянд, то мардумро боваркунонида ба доми фиреби худ баранд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, то насли ҷавонро аз андешаву афкор ва амали ин палидон дур нигаҳ дорем, то зараре набинанд.