Дар атрофи як мазуи доғи руз бозгашти як нафар ашхоси гумроҳшуда муҳокима мешавад бояд қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Шарофиддин Гадоевсубҳи рӯзи 15-уми феврал тавассути Москав ба Тоҷикистон ихтиёран баргашта, ба идораи полиси фурӯдгоҳ таслим шуд. Шарофиддин Гадоев ки то ин вақт дар Аврупо қарор дошт ва ҳамчун муовини раҳбари ПМТ Муҳиддин Кабирӣ шинохта мешуд. Бозгашти ў ба наҳзатиҳои террорист зарбаи сахт ба шумор меравад, зеро Гадоев «Паймони миллӣ»-ро ба шикаст дучор кард. Ў хатогиҳои худро дуруст дарк карда, аз сафи душманони миллату ватан ҷудо шуд ва ба Тоҷикистон баргашт. Шарофиддин Гадоев як навъ ҷасорату далерӣ нишон дода, аз сафи он нохалафон ҷудо шуд ва ба ватани азизи худ баргашт. Натарсида ақидаашро оид ба наҳзатиҳо ошкоро иброз дошт. Ҳисси ватандўстию миллатпарастӣ дошт, ки чунин амал кард. Шарофиддин Гадоев як навъ ҷасорату далерӣ нишон дода, аз сафи хоинони ватан ҷудо шуд ва ба ватани азизи худ баргашт. Натарсида ақидаашро оид ба наҳзатиҳо ошкоро иброз дошт. Хисси ватандўстию миллатпарастӣ дошт, ки чунин амал кард. Хоинони ватан ба хотири манфиатҳои шахсию зиддимиллӣ, барои амалӣ кардани нақшаву амалҳои нопоки худ бар зидди мардуму тоҷик нафарони раҳгумзадаро ба сафи худ кашида, кӯшиш мекард, ки ба мақсадҳои ғаразнокаш ноил гардад. Аммо чуноне, ки мебинем онҳо ба мақсадҳояшон намерасад. Имрўз ПМТ ба гурўҳаки хурди ифротӣ табдил ёфт.
Набояд фаромуш созем, ки миллату давлат барои хоинони ватан бегона аст, бо роҳи санг задан ба Ватан маблағҳои нопоки хоҷагонашро ба даст мегиранд. Шарофиддин Гадоев, ки муддати якчандсол дур аз Ватан буд, миёни бегонагон зиёдтар зиндагӣ кард, пазмони Модару Ватан аз кардаи худ пушаймон ба назди хешу таборӣ худ баргашт. Акнун дигар нафароне, ки дар атрофи М. Кабирӣ ҳастанд метавонанд ин амалро такрор кунанд.
М.Қодирова,
мутахасиси шуъбаи илми ДКМТ