АЗ ГУРГЗОДА ГУРГ….

Баъди тамошои филми ҳуҷҷатӣ дар бораи хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин маро нисбати ин афроди шайтонсират, аҳриман, ки оташи ҷанги хонумонсӯзро дар ҷумҳурии азизамон оғоз намуданду мардуми бечораро сарсону саргардон ба кишвари Афғонистон муҳоҷир карданд.

Чихеле, ки аз филми ҳуҷҷати бармеояд падари Муҳамммадиқболи Садриддин Садриддинов Қаландар дар замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти гурӯҳи ҳизби наҳзати исломӣ буд ва дар Афғонистон падараш ба муҳоҷирони тоҷик  кӯмакҳои башардӯстонаи созмони Ҳилоли Аҳмарро тақсимот мекард. Ҳамроҳи худ писари ноболиғ Муҳаммадиқболро ба шайхи афғон бо номи Мулло Шариф месупорад. Муҳаммадиқболи ноболиғро қумандонҳои айшу ишрати худ ба ҷои зан истифода бурданд. Аз ин рафтори писар огоҳ гашта Қаландар Садриддинов аз шармандагӣ аз лагери муҳоҷирони тоҷик гурехта ба дигар шаҳр меравад. Аммо дар шаҳри Ҳирот ҳам Муҳаммадиқбол, ки дар онҷо муваққатан истиқомат мекарданд ин рафтори бади худро яне бо ном бачабозӣ идома дода, ба назди дигар қумандонҳо барои ҳамҷинсгароӣ мерафт. Агар дида бароем Муҳаммадиқбол аз кору кирдори бади падараш ба ин ҳолат гирифтор гардидааст.  Аз ин филм чунин хулоса бар меояд, ки Муҳаммадиқбол аз синни наврасӣ бо гуноҳи падараш ба мамлакати бегона шомил гашта вайро ба чунин ҳолати руҳиву равонӣ яне ба “бачабозӣ ” бозичаи дасти  қумандонони авғон гашт.

Инчунин, дар филм фикру ақоиди коршиносон, равоншиносон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ хеле ҷолиби диққат буда, бори дигар ҳушдор медиҳад, ки наҳзатиҳо ва он кору кирдори ҳароми худро дар солҳои 90 – ум нишон доданд ва ҳоло бошад бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳақ дониста, мехоҳанд дигаронро низ аз роҳ зананд.

Бори дигар ба ин хоинони ватан гуфтанием, ки дигар мардуми Тоҷикистон алалхусус ҷавонон ба гуфтори кирдори Шумо наҳзатиҳони имонфурӯш, хиёнаткор ва ҷинояткор бовар надорад.

Хулоса, Садриддинов Қаландар писари ноболиғи худ Муҳаммадиқболи Садриддинро алакай дар синни наврасӣ ба даст задани гуноҳу рафторҳои бади инсонӣ оварда расонид. Муҳаммадиқболи Садриддин дар чунин муҳит тарбия ёфта, номуси худро фурухт ва чихеле, ки дар урфият мегуянд аз гургзода гург ба дунё меояд. Барои ҳамин ҳам ба ин вокунишҳои бадгуҳар беимон ва имонзада эътибор надода, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншинсӣ, худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия намоем.

 

Азизов Қ.М.    

  мудири шуъбаи тарбия